Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикистон дар ҷойи 149-ум қарор гирифт

Дар заминаи истифода аз Интернет,Тоҷикистон дар миёни 191 кишвари ҷаҳон дар ҷои 149 қарор гирифтааст. Гузориши Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “The State of Broadband” (“Вазъи мухобироти фарогир”) мегӯяд, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз Туркманистон пештар аст. Тибқи ин гузориш, ки ба наздикӣ нашр шуд, танҳо 19 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба Интернет дастрасӣ доштаанд. Қаблан, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳудуди 3 миллион аҳолии кишвар ба Интернет дастрасӣ доранд ва ин рақам 34 дарсади маҷмӯи аҳолиро ташкил медиҳад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.