Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Толеъномаи ҳафтаи дуюми соли 2020 (5-12 январ)

Ҳамал

Кӯшиш намоед, ки ҳар як рӯзи ин ҳафтаро беҳуда нагузаронед. Истироҳат дар ҳавои тоза ба шумо нерӯ мебахшад. Аз рӯзи душанбе то рӯзи чоршанбе бо дӯстон вохӯрдану нақшаҳои ояндаро тарҳрезӣ намудан ба маврид аст. Вазъи молиявиатон муътадил аст, вале аз хариди калон худдорӣ намуда, роҳҳои нави пулкоркуниро пайдо намоед.

Савр

Бештар аз ҳолу аҳволи наздикони худ огаҳ гашта, аз мушкилоту камбудиҳои рӯзгор дурӣ наҷӯед. Дар ҳаёти саврҳои муҷарраде, ки ошиқ шудаанд, тағйиротҳои аҷибу гуворо рух медиҳанд. Нафарони оиладор низ тамоми ҳафта бо табъи хушу болида мушкилиҳои рӯзгорро бартараф месозанд.

Ҷавзо

Дар ин ҳафтаи аввали сол ба саломатии худ диққат дода, аз ҳар гуна парҳез ва корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед. Бештар шарбати мева нӯшида, витамину гиёҳчой истеъмол намоед. Аз баъзе одатҳои бади худ халосӣ ёфта, вазъи саломатиро беҳтар месозед. Барои ба сафар баромадан омода бошед, хешу пайвандон шуморо пазмон шудаанд.

Саратон

Шарт нест, ки тамоми нақшаву хоҳишҳои худро яку якбора амалӣ гардонед. Мунтазам амал намуда, кореро, ки аз уҳдааш намебароед, ба дӯш нагиред. Бештар дар ҳавои тоза гаштугузор намоед. Баъзе саратонҳоро дар ҷодаи муҳаббат навигариҳои аҷиб интизоранд. Ба саломатии наздикони худ бодиққат бошед.

Асад

Аввалин ҳафтаи сол бисёр хушу босамар мегузарад. Баъзеҳо имкони хуби беҳтар сохтани вазъи молиявиро пайдо месозанд, танбалиро аз худ дур намуда аз пайи кор шавед. Барои рафъ намудани мушкилиҳои оилавӣ ва беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона ба маслиҳати дӯстон ё хешовандони калонсолатон гӯш диҳед.

Сунбула

Дар ин рӯзҳо нақшаву ниятҳои худро амалӣ мегардонед. Муҳим он аст, ки ба нуқтаи назари дигарон дода нашавед. Нафарони муҷаррадро вохӯриҳои тақдирсоз интизор аст. Сунбулаҳои оиладор бо наздикон муросо намуда, муҳити хонаводагӣ хеле хуш мегардад. Барои рафъ сохтани мушкилоти рӯзгор рӯзи ҷумъа созгор аст.

Мизон

Ҳафтаи аввали солро ба корҳои ороми оилавӣ бахшида, ба коре, ки боиси асабонияту дилтангӣ мегардад, даст назанед. Дар масъалаҳои молиявӣ  ғолибият насиби нафаре мегардад, ки фаъол асту аз душвориҳо намеҳаросад. Барои беҳтар сохтани муносибатҳои ошиқона кӯшиш намоед, ки ба ҳар кори шахси дӯстдоштаатон бинӣ нахалонед.

Ақраб

Дар ин ҳафта дар хона нишастану кунҷи танҳоӣ ҷустанро тавсия намедиҳем. Бештар ба сайругашт баромада, бо дӯстон вохӯрӣ намоед. Хусусан нафарони муҷаррад бояд бештар маъракаву ҷашнҳои хешу табор рафта, дилхушӣ намоянд. Маблағи пулиеро, ки интизор ҳастед, дар ин рӯзҳо ба даст оварда наметавонед.

Қавс

Вақти худро беҳуда нагузаронед, робитаро бо нафароне, ки бароятон азизу ҷолиб ҳастанд, беҳтар гардонед. Туҳфаву бозёфтҳои ногаҳонӣ табъатонро хуш месозанд. Баъзе нақшаву ниятҳоятон бе ягон кӯшиш амалӣ гашта, аз чунин ранг гирифтани ҳол дар ҳайрат мемонед. Ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем.

Ҷаддӣ

Ин ҳафта барои аксари ҷаддиҳо бобарор меояд. Дар ҳама кор ба қувваву имкониятҳои худ нигоҳ карда амал намоед.  Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, иҷро карданашро ваъда надиҳед. Рӯзи чоршанбе вазъи саломатиятон нохуб гашта, беҳтар мебуд, ки имрӯзро дар хона гузаронида, аз ҳама гуна уҳдадорӣ худдорӣ намоед.

Далв

Дар ин рӯзҳо бо мушкилоти касбиву молиявӣ худро азият надиҳед. Камбудиҳои рӯзгорро рӯзи чоршанбе рафъ сохта метавонед. Нақшаву ниятҳоеро, ки дар дил доред, ба дӯстдоштаатон фош насозед, ӯро бо навгониҳои ногаҳонӣ ба ваҷд оварданатон осон аст. Хафагиву ранҷишро аз дил дур созед, вагарна бемор мешавед.

Ҳут

Аввали ҳафта дар оилаатон ҳодисаҳои зиёде рух медиҳанд. Рӯзи чоршанбе нофаҳмиву муноқиша бо сабаби бо наздикон забон ёфта натавонистанатон сар мезананд. Вазъи молиявиатон чандон бад нест, вале ба ваъдаҳои хушку холӣ бовар накунед. Охири ҳафта аз сафари роҳи дур худдорӣ намоед.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.