Толиб Аёмбековро дар “Марко Поло” захмӣ карданд, ӯ дар ҳолати вазнин қарор дорад

ТОЛИБ АЁМБЕКОВ, ЯКЕ АЗ ЛИДЕРҲОИ БАДАХШОН ДАР ЗАНОЗАНӢ ДАР ТАРАБХОНАИ “МАРКО ПОЛО” ЗАХМӢ ШУДААСТ

Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаби 5 сентябр дар ҷараёни як занозании гуруҳӣ дар тарабхонаи машҳури “Марко Поло” дар шаҳри Хоруғ захмӣ шудааст ва дар ҳолати вазнин қарор дорад.

Ин хабарро ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” ду манбаи огоҳ аз ҷараёни ин қазия, аз ҷумла як шоҳиди ҳодиса дар тарабхона ва яке аз наздикони Толиб Аёмбеков тасдиқ карданд. Аммо ин манобеъ хабарҳои нашршуда дар бораи кушта шудани Аёмбековро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ дар хонааш дар ҳолати ваҳнин таҳти табобат қарор дорад.

Ба гуфтаи манбаи аввали “Бомдод”, шаби 5 сентябр дар дохили тарабахонаи “Марко Поло” гапи бачаҳои маҳаллаи “Хлебзавод” бо бачаҳои УПД гурехтааст. “Хлебзавод” таҳти назорати Толиб Аёмбеков қарор дошта, УПД минтақаи бачаҳои Имумназар Имумназаров, як лидери дигари ғайрирасмии Бадахшон аст, ки моҳи августи соли 2012 дар рӯзҳои амалиёти Хоруғ ба таври мармуз дар як ҳамлаи мусаллаҳона дар манзилаш кушта шуда буд.

Манбаи дуюми наздик ба атрофиёни Толиб Аёмбеков гуфт, муноқиша аз як баҳси лафзӣ байни Аёмбеков ва Салам, писари Имумназар Имумназаров сар шуд ва ба занозании гуруҳӣ печид. Дар ҷараёни ин занозанӣ касе ба сари Толиб Аёмбеков аз қафо бо хишт зарбаи шадид задааст.

Аёмбековро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд, вале дар пайи дар бемористон пайдо шудани нафарони мақомот ӯро аз онҷо ба хонааш оварданд ва ҳоло дар хонаи худаш таҳти муроқибати духтурони махсус барои табобати Толиб Аёмбеков даъватшуда қарор доштааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *