Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳукумат хабари истеъфои эҳтимолии Расулзодаро рад кард

Котиботи Сарвазири Тоҷикистон зимни як баёния хабари беморӣ ва имкони истеъфои қарибулвуқӯъи Қоҳир Расулзода, Сарвазири кишварро бепоя хондааст.

Дар ин баёния, ки рӯзи 22 март дар сомонаи хабаргузории расмии Тоҷикистон-“Ховар” мунташир шуд, ки вазъи саломатии Қоҳир Расулзода “хуб буда ва ба табобат эҳтиёҷ надорад”.

Дар зарфи чанд рӯзи ахир, дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабарҳо дар мавриди мубталои бемории ҷигар шудани Сарвазири Тоҷикистон ва ба ин далел аз мақоми худ канор рафтани ӯ хабарҳои зиёде нашр шуда буд.

Ин дар ҳолест, Қоҳир Расулзода рӯзи 20 март дар шаҳри Душанбе бо Антон Силуанов, муовини аввали нахуствазир ва вазири молияи Русия мулоқот карда ва масоили марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодиро баррасӣ карда буд.

Ҳамчунин, рӯзи гузашта сарвазир дар канори Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигари Тоҷикистон дар маросими таҷлил аз Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳузур дошт.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.