Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Вазорати тандурустӣ телефони боварии худро фаъол кард

Телефони боварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти Covid-19 таҳти рақами 511 фаъол гардид. Дар ин бора сухангӯи Вазорати тандурустӣ Бибихонум Дарвешзода ба Pressa.tj хабар дод.

Бино иттилои манбаъ, вобаста ба масъалаҳои коронавирус шаҳрвандон метавонанд ба рақами мазкур занг зада, посухи саволҳои хешро бигиранд.

Иқдоми Вазорати Тандурустӣ дар ҳолес, ки имрӯзҳо каронавирус тамоми ҷаҳонро ба ларза оварда тамоми ҷаҳониёнро нигарон кардааст. Баъд аз фаъол гардидани рақами мазкур мардуми кишвар метавонанд ба овозаҳо бовар накарда, ба рақамҳои бовари Вазорати тандурустӣ занг зада аз вазъи кишвар бохабар шаванд.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.