Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

ВКД ба милисаҳо: Фарбеҳ шудед, акнун равед

Раҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 10 корманди фарбеҳро аз кор озод карда, ба 100 нафари дигар барои хароб шудан мӯҳлат додааст.

 

 Қаблан Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои  дохилӣ гуфта буд,ки  сафи кормандони ин ниҳодро аз афроди фарбеҳ, ки ҳангоми амалиёт дуруст ҳаракат карда наметавонанд, тоза мекунад.

​Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст,ки санҷиши қад ва вазни кормандони милиса бар асоси супориши махсуси вазир сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, “инҳо нафароне буданд, ки дар мӯҳлати таъиншуда вазни зиёдатии худро бартараф накарданд. Талабот ҳамин буд, ки бояд саривақт вазни худро ба меъёр мувофиқ кунанд. Ин охири кор нест ва ба дигар кормандоне, ки вазнашон аз меъёр бештар шудааст, барои ислоҳ вақт дода шуд.”

Ин масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, фарбеҳ шудани корманди милиса далели ба варзиш машғул набудан ҳаст, ки ин камбуди корӣ ҳисоб мешавад. «Корманди милиса бояд чолок ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ бақувват бошад. Дар ҳар шароиту вазъият худро идора карда тавонад ва дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ ба пуррагӣ барояд», – афзуд ӯ.Нахустин мавридҳои барканории милисаҳои «фарбеҳ» охири моҳи январи имсол дар вилояти Суғд сабт шуда буд. Он вақт мақомоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд гуфта буданд, ки 3 корманди нисбатан калонсоли онҳо ба далели фарбеҳӣ аз кор “рафтаанд”.Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қаблан эълон карда буд, ки дарозии қади марди милиса набояд аз 168 ва ходими зан аз 160 сантиметр поён бошад ва вазни онҳо бар асоси талаботи тиббии қади инсон бояд мувофиқат кунад.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.