Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Як сол қабл: Бунёдгузори “Ҳотам ПВ” аз сактаи қалб даргузашт

Имрӯз аз даргузашти кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи “Ҳотам ПВ”, Абдуфаттоҳ Ҳотамов, ки дар синни 69-солагӣ фавтида буд, як сол пур шуд.  

Сабаби марги Абдуфаттоҳ Ҳотамовро писари ӯ Юсуф Ҳотамов сактаи қалбӣ (инфаркт) арзёбӣ карда буд. “Падарам аз ин пеш ду дафъа сактаи қалбиро паси сар карда буданд. Имрӯз низ дилашон сахт дард кард, Ёрии таъҷилиро даъват намудем, аммо дер шуд, кӯмак карда натавонистанд”, илова карда буд, писари марҳум.

Ҳотамов аз шахсиятҳое буд, ки ҳастияш ба ояндаи нек умед мебахшид. Мактабе, ки бунёд гузошт, беҳтарин мактаби кишвар ба ҳисоб мерафт. То чанде пеш ин ҷо танҳо мактабе буд, ки на галстук мепурсиданду на рӯймолкашӣ талаб мекарданд. То вақте ки мақомот дар дарвозаи мактаб қаровул гузошт, ки ҳеҷ талабаеро бидуни галстук ва ҳеч толибаеро бо рӯймол нагузоранд, ки ворид шавад. Бо вуҷуди саддгузориҳои бархе аз мақомдорон шогирдони ин мактаб дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои сазовор мешуданд.

Гуфтан бамаврид аст, ки Абдуфаттоҳ Ҳотамов Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм карда, як муддат дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва ҳамчунин Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон кор кардааст.

Дар оғози солҳои 2000-ум мудири Маркази таълимии ҷамъиятӣ буд. Соли 2003 мактаби хусусии “Ҳотам ПВ”-ро таъсис дод, ки ҳоло ба як маркази муҳими омӯзиши илмҳои дақиқ дар кишвар табдил ёфтааст.

То ин дам даҳҳо шогирдони мактаби хусусии “Ҳотам ПВ” дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои аввал шудаанд. Бархе аз хатмкардагони литсей дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил мекунанд ва як нафар аз шогирдонаш ба ширкати Google ба кор пазируфта шудааст. Баъзеи дигар дар хориҷа машғули таҳқиқанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.