Таърихи баргузории Бозиҳои олимпии Лос Анҷелес-2028 маълум шуд

Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Лос Анҷелес-2028 эълон кард, ки Олимпиадаи соли 2028-ум 14-уми июл оғоз шуда, 30-юми июл ба анҷом мерасад. Бозиҳои паралимпӣ бояд 15-уми август оғоз шуда, 27-уми август ба охир расад.

Пас аз Бозиҳои олимпии соли 1924, ки 5-уми июл кушода шуда буд, ин аввалин бозиҳо аст, ки барвақттар оғоз хоҳад гашт. Одатан Бозиҳои олимпӣ дар моҳи август доир мешавад.

Ин санаҳо дар ҷараёни боздиди президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах аз қароргоҳи Лос Анҷелес-2028 тасдиқ карда шуд.

Ин сеюм маротиба мешавад, ки Лос Анҷелес мизбони Олимпиада мегардад. Қаблан ин шаҳри амрикоӣ солҳои 1932 ва 1984 Бозиҳои олимпиро гузаронида буд, вале Бозиҳои паралимпӣ бори аввал дар Лос Анҷелес баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *