Таркиш дар Ҷалолобод. Шаҳрвандони хориҷӣ ҳам осеб диданд

Дар натиҷаи таркиши як корхонаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон чанд шаҳрванди хориҷӣ низ осеб дидаанд.

Бино бар  иттилои бахши қирғизии “Озодӣ” бо такя ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон, таркиш 29-уми май дар корхонаи «Мин Ксин» рух додаааст. Дар натиҷа кормандон К.С. (1993), Б.А. (1991) ва А.А. (1996) сахт осеб дидаанд.

Дар миёни осебдидаҳо як шаҳрванди Ӯзбекистон ва ду шаҳрванди Чин ҳастанд.

Дар корхонаи мазкур, ки бо 114 миллион сом сармояи шаҳрванди Чин ташкил шудааст, 65 нафар кор мекардаанд.

Ҳоло тафтиши сабабҳои ҳодиса идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.