Таркиш дар қаҳвахонаи соҳибкор Муродалиев  

Дар қаҳвахонаи “Лола” воқеъ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, ки марбут ба соҳибкор Додхоҳ Муродалиев аст, таркиш ба амал омадааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ соати 09:20 дақиқаи рӯзи 20 июни соли 2022 дар қаҳвахонаи «Лола», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 13-и шаҳри Душанбе, таркиши зарфи гази моеъ ба вуқуъ омада, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифт.

Дар натиҷа 1 нафар шаҳрванд ҷароҳати сӯзиши бадан бардоштааст. Сӯхтор аз тарафи оташнишонон ба зуддӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд. Фавти одамон ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, ки қаҳвахона ба соҳибкор Муродалиев Додхоҳ Саидқулович, соли таваллудаш 15 июни соли 1970 тааллуқ дорад.

Ҳоло сабабҳои сабабҳои сар задани сӯхтор дар қаҳвахона аз тарафи СХДО ВКД ва прокротураи шаҳри Душанбе идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.