Ташрифи Сафири Арабистони Саудӣ ба идораи “Тоҷикистон”

13-уми март Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ташриф овард. Ӯ бо аҳли эҷоди ҳафтанома дидору суҳбат кард.

Мавсуф дар бораи ҳамкориҳо миёни ду кишвар, роҳҳои пешгирии падидаи номатлуби ҷалби ҷавонони мусалмон ба амалҳои террористӣ, ҳаҷи фарзӣ ва умра, ки як идда мушкилот ба дарки тафовути онҳо мекашанд, масъалаҳои марбут ба моҳияти моҳи Рамазон сухан гуфт. Ӯ зимнан аз мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки он барои дарки ботини дини мубини ислом ва аз каҷравиҳо боздоштани ҷавонон муҳим аст.

Ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон, ки таҳсилоташ дар риштаи рӯзноманигорӣ сурат гирифтааст, дар бораи нақши матбуот, билхоса матбуоти рақамӣ дар ҷаҳони иттилоот назари хешро баён кард.

Матни пурраи мусоҳиба бо ҷаноби Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдонро дар шумораи ояндаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj мутолиа намоед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *