Таъсиси се муассисаи олии нав дар Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарорҳо дар бораи таъсиси се муассисаи нави таҳсилоти олиро ба имзо расонд.
Тибқи қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии Академияи сайёҳӣ, Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия ва Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таъсис дода мешаванд. Ин муассисаҳои олӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият хоҳанд кард.
Ба иттилои хадамоти матбуоти Президент, таъсиси ин муассисаҳои таълимӣ ба рушди соҳаҳои муҳим, аз ҷумла сайёҳӣ, иқтисоди байналмилалӣ, дипломатия, инчунин технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки ин иқдом нишонаи пешсафии Тоҷикистон дар татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид бо унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» мебошад, ки 25 июли соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон қабул гардида буд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ахиран ба узвияти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ пазируфта шуда, шаҳри Душанбе низ ба ҳайати Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ шомил гардид.
Илова бар ин, чандин мавзеъҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангии миллӣ ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ