Театри Лоҳутӣ ба Театри миллӣ мекӯчад? Посухи Вазири фарҳанг

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён интиқоли театрҳои Лоҳутӣ ва Маяковскийро ба Театри миллӣ рад кард. Ӯ имрӯз, 26 январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин маврид ҳарфе дар миён нест.

Ёдовар мешавем, ки 1 декабри соли 2025 фармони Президенти Тоҷикистон дар мавриди таъсиси Муассисаи давлатии “Театри миллии Тоҷикистон” дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар содир шуд ва оғози соли равон Манучеҳр Шарифзода директори театри навтаъсис таъйин гардид. Пас аз ин овозаҳое пайдо шуданд, ки Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри русии ба номи Владимир Маяковский ба ин бино кӯчонида мешаванд. Вале вазир ин овозаҳоро рад кард.

“Дар ин маврид ҳарфе дар миён нест ва феълан барои Театри русии ба номи Маяковский сохтмони бино идома дорад”,-гуфт вазир.

Ҳамчунин, вазир гуфт, ки омодагиҳо барои ифтитоҳи ин театр оғоз шудаанд.

Қарор аст, ки Театри миллии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли кишвар ба фаъолият оғоз намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *