Тифли 2-соларо шиканҷа медод…Боздошти Мафтунаи ношукр дар Суғд
Дар Суғд аз тарафи мақомоти милитсия зане барои озору шиканҷаи кӯдаки 2-сола боздошт шуд. Ӯ 47-сола ва сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Тифлеро, ки доягӣ мекард, наздики се моҳ латукуби шадид намудааст.
Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гуфт, ки ин зан Мафтуна Аҳмадҷоноваи 47-сола ном буда, фарзанди 2-солаи духтари амакашро бар ивази пул доягӣ мекард.
“Модари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, тибқи маслиҳат бояд ба доя ҳар моҳ 15 ҳазор рубли русӣ мефиристод”,- иттилоъ дод манбаъ.
Кормандони мақомоти милитсия тифлро бо дастони баста дар хонаи Мафтуна Аҳмадҷонова пайдо карданд ва маълум шуд, ки кӯдак дар муддати қариб се моҳ ҳамеша мавриди азобу шиканҷа қарор гирифтааст.
Мафтуна Аҳмадҷонов низ дар гузориши телевизионии РВКД дар вилояти Суғд иқрор шуд, ки кӯдакро латукӯб мекардааст.
Айни замон нисбати Мафтуна Аҳмадҷонова барои азобу уқубати ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дар ҳасби пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ