“Тоҷикистон”-у “Оила” миёни нашрияҳои мустақил серхонандатарин дониста шуданд (аудио)

Дар як пурсиш, ки байни аҳолии Тоҷикистон моҳҳои январ ва феврали соли равон гузаштааст, ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон” ва “Оила” миёни нашрияҳои мустақил серхонандатарин дониста шудаанд.

Натиҷаи ин раддабандӣ дар Душанбе таҳти унвони «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо» натиҷагирӣ гардид. Дар маҷмуъ, дар доираи тадқиқот зиёда аз 2,5 ҳазор посухдиҳандагон аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ ширкат намудаанд.

Лоиҳаи тадқиқотиро созмонҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ», «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» ва Вазорати фарҳанги ҶТ, ки аз ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, анҷом додаанд.

Ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар мебошад. Яъне, шаҳрвандони кишвар ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд?

«Тадқиқоти мазкур бори сеюм баргузор карда мешавад,- изҳор намуд директори ТҶ «Машварати расонавӣ» Набӣ Юсупов.- Солҳои 2018 ва 2019 мо аллакай ин гуна тадқиқотро баргузор карда будем. Дар тадқиқоти нав мо на танҳо аз сатҳи афзалиятҳо ба ин ё он ВАО огоҳ шудем, балки додаҳои соли гузаштаву имсоларо муқоиса карда, муайян намудем, ки вазъ то кадом андоза тағйир ёфтааст. Тадқиқот на танҳо ВАО-и анъанавӣ, балки абзорҳои нави дастрасии иттилоъ — интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳоро низ фаро гирифтааст».

Инчунин, Н. Юсупов қайд кард, ки фанновариҳои нав дар тамоми ҷаҳон тамоюлоти навро ҷорӣ намуданд, ки феълан омӯхта нашудаанд. Аз ин рӯ, як қисмати ин тадқиқот ба муайян кардани дараҷаи гузариши аҳолии Тоҷикистон ба фанновариҳои нав бахшида шудааст. Дар айни замон тафовути баъзе навъҳои ВАО хеле тағйир ёфтааст.

 «Тадқиқот нишон дод, ки аҳолии Тоҷикистон ба таври мунтазам ба фанновариҳои нав мегузарад,- суҳбатро идома дод директори Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» Қаҳрамон Бақозода.- Афзоиши ҳиссаи корбарони интернет ба амал омада истодааст, ҳарчанд ин суръат дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя баланд нест, бо вуҷуди ин дигаргуниҳо назаррасанд. Пеш аз ҳама, ин ба воридшавии нокофии интернет ба кишвар ва арзиши баланди он вобаста аст. Аммо яке аз сабабҳои асосии инро мо дар он мебинем, ки густариши фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ кофӣ нест ва фаъолиятҳое, ки барои сокинон даромад меоранд, хусусияти маҳдуд ва анъанавӣ доранд”.

Пажуҳишгарон таъкид мекунанд, ки ҷавонон дар истифодаи Интернет хеле пешрафтатар мебошанд, ҳарчанд ки ин кор бештар бо ҳадафи фароғат сурат мегирад. Истифодаи ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин маротиба афзоиш ёфтааст. Иқтидори мессенҷерҳо бештар ошкор шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки дар айни замон мо шоҳиди раванди дигаргунсозии босифат дар соҳаи ВАО ҳастем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *