Тоҷикистонро гармии шадид интизор аст

Дар Тоҷикистон аз 14 то 17 майи соли равон ҳавои гарму хушк пешбинӣ шудааст.

Дар баъзе минтақаҳо шамол шиддат мегирад ва ҳарорати ҳаво дар баъзе ҷойҳо метавонад ба 41°C расад.

Дар вилояти Суғд  ин ҳафта боришот нест, вале ҳаво каме абрнок аст. 17 май дар минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Шамол дар самти шарқ 49 м/с, дар баъзе ҷойҳо то 15 м/с мешавад. Ҳарорат шабона дар водиҳо аз +18 то +23°, рӯзона то +33, +38° мешавад. Дар кӯҳҳо шабона аз +6 то +11°, рӯзона аз +23 то +28°хоҳад буд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво гоҳ-гоҳ абрнок ва хушк мешавад. Шамол дар самти шарқ, 49 м/с, ва 17 май он то 15-20 м / с зиёд мешавад. Ҳарорати шабона дар водиҳо аз +19 то +24° ва рӯзона то +36…+41°хоҳад буд. Дар кӯҳҳо шабона +15+20°, рӯзона +27+32°хоҳад буд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, боришот нест. Шамол дар самти шарқ, 49 м/с. Ҳарорат шабона дар водиҳо аз +18 то +23°, рӯзона то +33…+38°. Дар кӯҳҳо шабона аз +10 то +15°, рӯзона аз +28 то +33° мерасад.

Дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбанда буда, дар ин рӯзҳо боришот пешгӯӣ нашудааст. Шамол дар самти шарқ, 7-12 м/с. Ҳарорат дар ғарби ВМКБ шабона аз +8 то +13°, дар баъзе ҷойҳо то +16+18°, рӯзона аз +24 то +29°, дар баъзе ҷойҳо то +32+34°. Дар шарқ шабона аз -2 то +3°, дар рӯз аз +13 то +18° хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *