Тоҷикистонро боз тӯфони шадиди чангу ғубор фаро мегирад

Аз 8 то 10 майи соли 2025 дар ҳудуди Тоҷикистон тӯфони шадиди чангу ғубор пешбинӣ мешавад.

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, шароити номусоиди метеорологӣ боиси баланд шудани миқдори зарраҳои муаллақи чанги PM2.5 ва PM10 дар атмосфера гардида, сифати ҳаворо ба таври ҷиддӣ коҳиш медиҳад.

Ба гуфтаи мутахассисон, ин зарраҳои майда метавонанд ба саломатии инсон, махсусан кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва нафарони гирифтори бемориҳои музмин таъсири манфӣ расонанд.

Тавсияҳои Агентӣ барои рӯзҳои 8–10 май:

ӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила ва шахсони дорои бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафас бояд аз гаштугузори тӯлонӣ дар кӯча худдорӣ намоянд;

ангоми баромадан ба кӯча аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда шавад;

ирезаҳои хона пӯшида бошанд, ҳавои дохили хона мунтазам тоза карда шавад;

ӯшидани оби зиёд барои коҳиш додани таъсири чангу ғубор ба бадан.

Масъулин аз сокинон даъват мекунанд, ки дар ин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд ва тавсияҳои тиббию экологиро ҷиддӣ риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *