Тоҷикистон ба Табаров шиноснома надодааст

Аз рӯи ахбороти расонавӣ вобаста ба таркиши анбори силоҳ дар Ҷумҳурии Чехия маълум гардидааст, ки гӯё яке аз ду нафар гумонбарон бо шиносномаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Табаров Руслан Ҳалимович содир карда бошад, чунин хабар медиҳем, ки тибқи маълумоти махзани ягонаи шиносномаҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № М005947 аз 25 02.2011, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳрванд Табаров Руслан Ҳалимович санаи таваллудаш 23 октябри соли 1975, шиноснома дода нашудааст.
Инчунин дархости расмӣ аз сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Чехия ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус ворид нагардидааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *