То ба кай мардум ба Ӯзбекистон мераванд?
Ширкатҳои ҳавоӣ ба мушкилоти мардум аз паси ангуштон менигаранд
Салом сомонаи Pressa.tj. Мо як гуруҳ муҳоҷиронро арзиши чипта аз самтҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ба Москва ва дигар шаҳрҳои Русия хеле нигарон кардааст. Ҳоло арзиши чипта дар масир аз 6500-7000 сомонӣ боло меистад. Барои мо аҷиб аст, ки масъулини Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, ки ширкатҳои ҳавопаймо ҳақ надоранд чиптаро аз нархи муқарраркардаашон гарон фурӯшанд. Аммо, вақте ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ дар шаҳри Душанбе медароем, фурӯшандаҳо нархро ба осмон мерасонанд. Кӣ бояд онҳоро назорат кунад?
Масалан, чанд рӯз пеш нуқтаҳои чиптафурӯшии маъруф ба “Зелёний”-ро гаштем, арзиши чиптаи Душанбе — Москва қариб 7000 сомонӣ аст. Вақте ки аз самти Ӯзбекистонро пурсидем, ними ҳамин нарх аст. Азбаски маблағамон кам буд, маҷбур шудем чиптаи Самарқанд — Москваро бо нархи қариб 3700 сомонӣ харидорӣ кунем. Вале моро як масъала ба ташвиш меорад. Ин ҳам рӯ овардани бештари муҳоҷирони тоҷик ҳангоми парвоз ба Русия аз самти шаҳрҳои Ӯзбекистон аст. Ҳазамон, вақти бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон муҳоҷирони мо масири Ӯзбекистонро интихоб мекунанд. Ҳам арзон ва ҳам роҳату бидуни мушкилот дар фурудгоҳҳои кишвари ҳамсоя. Манфиати дигар ин аст, ки шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Тоҷикистон соҳиби ҷойи кори бештар мешаванд. Масалан, агар аз Самарқанд парвоз кунед, дар ду масир ронандаҳои таксии кишвари ҳамсоя ба шумо хизмат мерасонанд. Ҳамчунин, маълумотномаи коронавирусро аз кишвари ҳамсоя бо нархи 160 сомонӣ ба даст меоред. Вале маълумотномаи коронавирус, ки аз Тоҷикистон гирифтаед, ба кор намеояд. Ана роҳҳои пулкоркунӣ ва пур шудани ҷайби кишвари ҳамсояи мо. Дар мо чӣ? Амали ширкатҳои ҳавоӣ мақоли “буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу”-ро ба хотир меорад. Гӯё ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, ки асосан ба интиқоли мусофирон машғул аст, ҷайбаш пур асту дигар ниёз ба даромад ва пур кардани буҷети давлат надорад. Агар чунин аст, монед намояндагии ширкатҳои ҳавонавардии Русия бештар вориди Тоҷикистон шаванду ба интиқоли мусофирон машғул гарданд. Ин аз чанд ҷиҳат фоида хоҳад овард. Миқдори парвозҳо зиёду рақобат солим мешавад ва нархи чипта коҳиш меёбад.
Бубинед, ҳарчанд шумо, масъулини Агентии авиатсияи гражданӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҷаҳиши нархи билети ҳавопаймо дар масири Тоҷикистон — Русияро бепоя хонда, хостори ислоҳи фаврии вазъ шудед, ҳоло чӣ натиҷа дод? Ҳеҷ! Сухани шумо дар рӯи коғаз монд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки арзиши билетҳо дар хатсайрҳои Тоҷикистону Русия майли болоравӣ дорад. Чунки мавсими рафтани муҳоҷирон наздик аст. Вале фаромӯш насозед, ки муҳоҷирони мо қариб тамоми маблағҳои овардаи худро сарф кардаву бо қарз ё гову харашонро фурӯхта, ба Русия раҳсипор мешаванд.
Бинобар ин, вақти он расидааст, ки ба ин масъала бевосита Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидагӣ кунанд. Вагарна, бесарусомониву манфиатхоҳӣ дар бозори чиптафурӯшӣ идома меёбаду зарар ба кисаи муҳоҷирони тоҷик ва умуман, онҳоест, ки мехоҳанд барои пайдо кардани қутти лоямут берун аз Ватан раванд. Мо дар баробари муҳоҷир будан, шаҳрванди Тоҷикистон ҳастем.
Бо умеди тансиҳатӣ ва инсоф ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон, гуруҳе аз муҳоҷирон
P. S.
18-уми январи соли ҷорӣ Икром Субҳонзода, роҳбари Агентии авиатсияи гражданӣ, Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Уралские авиалинии», «Ютэйр», “Сибир”, «Северний ветер» ва «Сомон Эйр» нишасти изтирорӣ доштанд.
Икром Субҳонзода ва Сафаралӣ Қурбонзода аз ширкатҳои ҳавонавардӣ қатъиян хостаанд, ки болобарии ғайримантиқии нархи билетҳоро хотима диҳанд. Онҳо дар ҷараён гузошта шуданд, ки агар қимматҳоро коҳиш надиҳанд, Агентии авиатсияи гражданӣ иқдомоти муносиберо барои анҷоми парвозҳои муназзами онҳо дар оянда анҷом хоҳад дод. Ҳамчунин, ин идора номаҳои расмӣ ба мудирони кулли ширкатҳои ҳавопаймоӣ ирсол кардааст, ки дар он онҳо хостори коҳиши фаврии нархи билети ҳавопаймо шудаанд. Агентии авиатсияи гражданӣ дар ин нома бори дигар ба ширкатҳои ҳавонавардӣ ёдовар шудааст, ки чиптаи омадурафт миёни Тоҷикистон ва Русия набояд беш аз 500 доллар фурӯхта шавад. Мисол, агар тақозо барои билети ҳавопаймо аз Душанбе ба Маскав зиёд бошад, ширкатҳо метавонанд қимматҳоро аз 300 то 350 доллар ва барои бозгашт ба Душанбе 150 доллар таъйин кунанд. Аммо рафту баргашт набояд аз 500 доллар зиёд шавад.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Pressa.tj субҳи 26-уми январ аз чанд нуқтаи фурӯши чипта дар шаҳри Душанбе дидан намуд. Воқеан ҳам, нархи чипта тавре нест, ки масъулини Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд. Рӯзҳои 26-27-уми январ аз Душанбе ба Москва чипта нест. Баъд аз ин рӯзҳо нархи чипта аз Душанбе ба Москва 6500 сомонӣ аз ширкати “Сомон Эйр” ва Душанбе-Оренбург-Москва (12 соат таваққуф) 6200 сомонӣ. Аз Кӯлоб ва Хуҷанд ба Москва ҳамагӣ 200 то 300 сомонӣ фарқиятро дидан мумкин аст. Аммо барои парвоз аз Самарқанд, Тошканд ба шаҳрҳои Русия нархи чипта дар муқоиса ба Тоҷикистон хеле фарқ мекунад. Яъне, қариб як баробар кам аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ