Толеъномаи 31-уми январи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар масъалаҳои корӣ аз пешниҳодҳои шубҳанок худдорӣ намоеду дар муносибатҳои ошиқона оқилона рафтор намоед. Гумони он ки ошиқ шудаед, ғалат аст. Алҳол дӯстдоштаи собиқи худро фаромӯш накардаед, саросема ба касе дил набандед. Гузаштаро фаромӯш кунед, вагарна хушбахт намегардед. Дар ин рӯз ба касе қарз надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ аз дарди меъда ва рӯдаҳо азият мекашед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз натиҷаи кӯшишу заҳматҳои якмоҳаатонро мебинеду хатову иштибоҳатонро ба назар мегиред. Бо атрофиён хушмуомила бошед, табъи гирифтаи худро пинҳон доред. Аз иқдомҳои хатарнок ва қиморбозӣ худдорӣ намоед, вагарна тамоми маблағи то ин дам ҷамъкардаатон ба боди фано меравад. Дар саломатиятон имрӯз ҷурме дида намешавад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз имкони тағйир додани тамоми зиндагии худро доред. Ба тағйиротҳо омода бошед. Ба нуқтаи назари дигарон гӯш надиҳед, вагарна ғалат мекунед. Мустақилона амал карданро омӯзед. Аз ҷониби роҳбарият таърифу тавсиф шунида, ҳатто мукофотпулӣ мегиред. Дӯстдоштаатонро бо як ҳарфи пурмуҳаббат шод намоед. Хабари бемор шудани як хеши дуратонро мешунавед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи муқаррарии корӣ бароятон эҳсоси қаноатмандӣ мебахшад. Бо дӯстдоштаи худ меҳрубон бошед, он гоҳ тоҷи сар мегардед, тамоми хоҳишу нозатон иҷро мегардад. Ба корҳои шахсиву оилавӣ андармон шуда, кору тиҷоратро фаромӯш накунед, то ки бе пул намонед. Бегоҳирӯзӣ ба маъракае даъватӣ мешавед, ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед, вагарна аз дарди меъда хоб намеравед.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи номусоид аст, хусусан барои бонувони дар мучали асад ба дунёомада як қатор мушкилиҳои вобаста ба саломатияшон, аз қабили асабхаробӣ, бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он ва ҷароҳат бардоштан имкон дорад. Дар ин рӯз робитаатон бо шахси дӯстдошта қавитар мегардад. Агар ғуруру такаббурро  аз худ дур намоед, аз муноқишаву нохушиҳо дар амон мемонед. Вазъи молиявиатон олиҷаноб аст, инчунин имкони ба хориҷа сафар карданатон фароҳам меояд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи хеле ногувор аст. Фиребу нофаҳмиҳо зиёд мегарданд. Боадабона нафаронеро, ки ба корҳоятон мароқи зиёд зоҳир мекунанд, дур намоед. Бо кор андармон шуда, ваъдаи ба шахси дӯстдоштаатон додаро фаромӯш накунед. Дар баробари кори зиёд оиларо низ фаромӯш насозед, он гоҳ ҳам пул ба даст меореду ҳам муҳити оилаатон осуда мегардад. Бегоҳирӯзӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъи ҳаво худро бад ҳис мекунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи тағйироту навгониҳо аст. Нақшаҳоятон бо сабабҳои номаълум боиси аз даст додани пулҳоятон мегардад. Танҳо ба ақидаи худ ва садои қалб гӯш андохта, аз такаббур ва худхоҳӣ худдорӣ намоед. Вагарна муносибатҳоятон бо ҳамкорону роҳбарият ва наздиконатон вайрон мегардад. Агар дар мағозаву бозор оқилона харид кунед, маблағи худро сарфа карда метавонед. Хобатон ба зудӣ амалӣ мегардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз пуштибони саховатманд пайдо мекунед. Яке аз атрофиён нисбати шумо дар дилаш меҳру муҳаббат мепарварад, агар хубтар зеҳн монед, ӯро мешиносед. Аз ҷойҳои серодаму сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед. Имрӯз даромади пулӣ ба даст намеоред. Агар дӯстатон аз шумо кумак пурсад, рад накунед. Ташрифатон ба назди табиб боиси парешонхотирӣ мегардад, зеро аз бемор буданатон боварӣ надоштед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи тақдирсоз аст, имкони дар вазифа боло рафтанатон вуҷуд дорад. Дар гуфтору рафтор боэҳтиёт бошед, як ҳарфи ноҷо тамоми нақшаҳоятонро барбод медиҳад. Хаёлҳои хому нақшаҳои бемулоҳиза боиси аз даст додани маблағҳоятон мегардад. Камҳаракатӣ ба саломатиятон беасар намемонад, машқи бадан кунед. Дар хоб дидани партов нишонаи камбағалӣ ва талафот аст.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз ба тағйиротҳо омода нестед, бо нафаре шинос шудан ҳам намехоҳед. Аз одаму олам гурехта, дар ҷое пинҳон шудан мақсади ягонаатон аст. Мутаассифона мушкилиҳое ҳастанд, ки танҳо шумо метавонед рафъ созед. Ба хотири беҳтар сохтани вазъи молиявӣ аз субҳ аз пайи бартараф намудани корҳоятон шавед. Бегоҳирӯзӣ бо шахси бароятон азиз сайр кардан руҳатонро болида месозад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рӯз аз маъракаҳои серодам дурӣ ҷӯед. Бо сабабҳои номаълум вазъи молиявии оилаатон бад мегардад. Мустақилона корҳоятонро ҳал карда, ба маслиҳати хайрхоҳон такя накунед. Хобатон амалӣ мегардад. Далвҳои муҷаррад имкони пайдо намудани ҳамсафари ҳаётӣ ва оиладор шуданро доранд. Далвҳое, ки имрӯз зодрӯз доранд, аз дӯстдоштаашон пайғоми хуш мегиранд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Рӯзи пурзаҳмати корӣ бароятон эҳсоси қаноатмандӣ меорад. Корҳоятон чунон зиёд мешаванд, ки мушкилоти шахсиро фаромӯш мекунед. Дӯстдоштаатон аз бемеҳрӣ шиква мекунад. Бегоҳирӯзӣ аз дарди сар азоб мекашед. Беҳтараш истироҳат кунеду даъвати ба меҳмонӣ рафтанро рад намоед. Аз қабули меҳмон низ худдорӣ намоед. Дар ин шом пул ҳисоб накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *