Толеъномаи ҳафтаи 50-ум ( 8-15 декабр)
Ҳамал
Зодагони мучали ҳамал чун пештара дар муҳити корӣ фишору нофаҳмиро эҳсос мекунанд. Хушбахтона нафароне аз миёни ҳамкорон пайдо мешаванд, ки дар мушкилиҳо кӯмак мерасонанд. Роҳбарият низ бо дастгирияш табъатонро болида мегардонад. Дар ин ҳафта эҳтимоли бад шудани вазъи саломатиятон дар назар аст. Ба сифати хӯроки худ диққати бештар зоҳир намоед.
Савр
Дар масъалаҳои пулӣ ба моҷарову ҳангома роҳ доданатон боиси зиёд гаштани мушкилиҳо мегардад. Азбаски маблағи калони пулӣ ба даст оварда наметавонед, кӯшиш намоед, ки хароҷоти калон низ накунед. Эҳтимоли ҳисороти пулӣ диданатон вуҷуд дорад. Нафароне, ки аз банк маблағ гирифтан мехоҳанд, корашон барор намегирад. Ошиқон дучори муноқиша ва нофаҳмиҳо мегарданд.
Ҷавзо
Дар оилаи нафарони оиладор муноқиша имкон дорад. Агар миёни шумову ҳамсаратон нофаҳмие вуҷуд дошта бошад, дар ин ҳафта аз танқиду эрод худдорӣ намоед, вагарна муноқишаатон хеле калон мешавад. Мушкилиҳои корӣ ва ташвишҳои оилавӣ боиси саргардониҳои зиёдатон мегардад. Нафароне, ки бо хариду фурӯши хона машғул ҳастанд, дар корҳояшон мушкилиҳо сар мезанад.
Саратон
Зодагони мучали саратон барои рафъ намудани камбудиҳои рӯзгор мисли санҷоб дар чархофалак давиданашон лозим меояд. Аз кор баромадани асбобҳои техникӣ ва бесарусомониҳои дигаре пеш меоянд, ки ҳатман аз пайи рафъ намуданашон бояд шавед. Аз шамолкашӣ ва инфексияҳо эҳтиёт шавед. Дар ҷои кор аз ҳад зиёд ба хасташавӣ роҳ надиҳед.
Асад
Зодагони мучали асад дар ин ҳафта ба вазъияти душвори молиявӣ гирифтор мешаванд. Сабаб дар хароҷоти калон ё пули зиёд сарф карданатон мегардад. Ҳангоми ба мағозаву бозор рафтан бо худ пули калон нагардонед, эҳтимоли ба доми дузду ҳанотон афтиданатон зиёд аст. Нафароне, ки пули калон қарздоранд, дар ҳолати ногувор мемонанд. Тоҷиронро ҳафтаи бебарор интизор аст.
Сунбула
Ҳафтаи мазкур барои зодагони мучали сунбула хеле серташвиш меояд. Хусусан аҳли оила дар ҳалли мушкилиҳо аз шумо фаъолнокиро талаб мекунанд. Дар сурати дастгирӣ накардани эшон ба саратон борони танбеҳу танқид мерезад. Дар ин ҳафта бо таъмир ва иваз намудани ҷиҳози хона машғул нашавед. Агар шумо оиладор бошед, рафтори ҳамсафари ҳаётӣ боиси шубҳаву гумонҳои зиёд мегардад.
Мизон
Дар ин ҳафта зимни муносибат бо атрофиён нофаҳмиҳо зиёд мешаванд. Шумо аз робита бо нафароне, ки пайваста дар пеши чашматон ҳастанд, хаста мегардед ва ин боиси баҳсу мунозира ва танқиду эрод мегардад. Бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем. Аз душманони пинҳонии худ хабарҳои ногувор мешунавед. Ба назартон чунин менамояд, ки касе дар роҳи шумо монеа эҷод мекунад.
Ақраб
Норасоии пулӣ дар ин ҳафта сарчашмаи асосии хавотирии зодагони мучали ақраб мегардад. Мушкилоти молиявӣ аз қабили вайрон шудани асбобҳои техникӣ ё қисмҳои эҳтиётии мошин сабабгори хароҷоти иловагӣ мегардад. Ҳамзамон баъзе молу ашёи харидаатон бебарор анҷом ёфта, эҳтимол дубора онро ба мағозаву фурӯшанда баргардонед. Дар муносибатҳои ошиқона низ нофаҳмӣ дида мешавад.
Қавс
Зодагони мучали қавс аз кору фаъолияти худ эҳсоси қаноатмандӣ намекунанд. Кӯшиши дар коллектив нақши созгореро бозиданро накунед, сардор ин ташаббусатонро қабул намекунад ва дар натиҷа муносибатҳоятон бад мегардад. Аз ин рӯ, аз он ки кореро ба анҷом мерасонед, бо роҳбарияти худ маслиҳат кунед. Илова бар ин, корҳои фаврӣ ва мушкилоти оилавӣ шуморо ба ташвиш меорад.
Ҷаддӣ
Дар ин ҳафта кӯшиши вайрон намудани қоидаву меъёрҳои қонунро накунед, вагарна дучори нохушиҳо мегардед. Ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем, хусусан бо мошин ба роҳи дур набароед. Дар ин рӯзҳо рехтани обруву нуфузатон зиёд аст, аз ин рӯ, ба ягон намуди қоидавайронкунӣ роҳ надиҳед. Душманони пинҳонӣ дар фикри ба шумо зарар расонидан ҳастанд, эҳтиёт шавед.
Далв
Дар ин ҳафта аз мавзеҳои дилхушкунанда дурӣ ҷӯед. Бо нафароне, ки шумо дӯсту ҳамақида мешуморед, гапатон мегурезад. Беҳтараш муносибати худро бо дӯстон вайрон насозед. Бо сабаби кам гаштани нерӯ масъалаҳои молиявиро бо душворӣ ҳал мекунед. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштанатон дар ин ҳафта меафзояд. Ҳамзамон аз ҷиҳати молиявӣ ҳафтаи бобарор нест. Дар ин рӯзҳо ба касе надикарз нагиред.
Ҳут
Ҳафта барои зодагони мучали ҳут душвориҳои зиёдеро пеш меорад. Агар шумо оиладор бошед, ҳамсафари ҳаётӣ бо якравиву гузашт накарданаш ҷонатонро ба лаб меорад. Умуман атрофиён ва вазъият тавре сурат мегирад, ки бо монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардед. Барои ислоҳ намудани вазъият бо касе баҳсу мунозира накунед, зеро дар ин ҳафта эҳтимоли он ки шумо дар фикрронӣ иштибоҳ мекунед, зиёд аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ