Толеъномаи 06 декабр 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз дурушту дағал мегардед. Ҳатто камтарин эътирозро ба баҳсу мунозира кашида, ба ҳамсуҳбати худ фишор меореду маҷбур месозед, ки бо андешаи шумо розӣ шавад. Аз сабаби он ки нақшаҳоятон ногаҳон барбод мераванд, асабӣ мешавед. Бонувон дар робита бояд ҳушёр бошанд, нафари бадхоҳ дар фикри бадии шумо аст.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Мушкилиҳои дар ин рӯз пайдошуда ба масъалаҳои молиявӣ рабт доранд. Аз ин рӯ табъатон хеле хира мегардад. Ба баҳсу мунозира роҳ дода, бо сардор ё нафарони воломақом зиддият нишон надиҳед, дар ин рӯз ғолибият насиби шумо намегардад. Бонувон рӯзҳои наздик хабари хуш мешунаванд.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз аз нафароне эҳтиёт шавед, ки аз комёбиҳои шумо шабҳо хоб надоранд. Ба садои қалби худ гӯш дода, дӯстро аз душман фарқ кунед. Бо кори якрангу бемаънӣ машғул шудан намехоҳед. Аз моҷаро бо атрофиён дурӣ ҷӯед, имкони муноқиша вуҷуд дорад. Вохӯрии ошиқона фаромӯшнашаванда анҷом меёбад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз ба сафару саёҳат баромаданро тавсия намедиҳем. Рӯзи орому бе ҳодиса аст. Нисбати худ таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Баъди нисфирӯзӣ табъатон хира гашта, руҳафтодагӣ қариби бегоҳ ба дилатон лона мегузорад. Ба дунёи худ фурӯ наравед, наздикон ба суҳбати шумо ниёз доранд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз вазъи саломатиятон нохуб мегардад. Хатари ҷароҳат бардоштану ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард гирифтор шуданатон вуҷуд дорад. Аз роҳгардии босуръат, ашёҳои нӯгтезу буранда, асбобҳои барқӣ ҳушёр шавед. Таъсири манфии бегонаҳо ё маслиҳати дурӯғомез боиси аз даст додани маблағ мегардад.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Имрӯз ба вазъи саломатии худ диққат диҳед. Дар сурати нотоб шуданатон ба табиб муроҷиат кунед, беморӣ тӯл мекашад. Мушкилиҳои хурди оилавӣ имкон доранд. Мушкилӣ ҳангоми робита бо наздиконатон боиси зиддияте мегардад, ки ба фоидаи шумо ҳал намегардад. Беҳтараш олиҳимматӣ нишон дода гузашт кунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз аз касе маслиҳату кӯмак напурсед. Касе кӯмак намерасонад, вале зарари нафаре ҳатман мерасад. Ба атрофиён имкон надиҳед, ки ба корҳоятон бинӣ халонанд. Аз бадхоҳону ҳасудон эҳтиёт шавед. Беҳтараш дар танҳоӣ вақт гузаронида, мушкилиҳоро мустақилона рафъ кунеду ба таҷрибаву малакаи худ бовар кунед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз саломатӣ ва қобилияти кориятон хеле хуб мегардад, вале асабониятатон зиёд мегардад. Аз оташ эҳтиёт шавед, имкони рух додани сӯхтор вуҷуд дорад. Хоби дидаатон дар ҳамин рӯз амалӣ мегардад. Дар хоб дидани мева аз шифо ёфтани бемориҳо хабар медиҳад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Рӯзи хубест барои амалӣ кардани нақшаҳоятон. Имкони пайдо кардани шиносҳои наву муфид вуҷуд дорад, ки мунтазам ба муносибати ошиқона мубаддал мегардад. Бадхоҳон дар фикри бадии шумо ҳастанд. Ба бехобӣ роҳ надиҳед, вагарна қобилияти кориятон паст мегардад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ба ҳама кор бо дасту дили гарм часпида бурд мекунед. Бо корҳои майда-чуйда машғул шудан намехоҳед, нияти ба даст овардани пули калон шуморо ба корҳои ҷиддитар водор месозад. Ҷидду ҷаҳдатон хуб аст, вале аз пайи кор шуда, саломатӣ ва дӯстдоштаи худро фаромӯш накунед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Рӯзи хубест барои истироҳати фаъол ва кор дар ҳавои тоза. Сафару саёҳат бобарор анҷом меёбад. Одати дамдуздиятонро партоед, вагарна муносибат бо атрофиён сард мегардад. Ба саломатии худ ва наздикон беаҳамиятӣ зоҳир намоед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз ба эҳсосот дода нашавед. Гумон накунед, ки нафаре ба додатон мерасад ё ба ҳарфатон гӯш медиҳад. Аз кори худу атрофиён қаноатманд намегардед. Ҳангоми сари қароре омадан ба шитоб роҳ надиҳед. Оромона уҳдадориҳои худро иҷро намуда, бо ободонии хонаву дар ва харид машғул шавед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ