Толеъномаи 08 декабр 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна дар роҳ ба ҳодисаи нохуш гирифтор шуданатон имкон дорад. Дар ҷойи сокиту ором бо нафарони бароятон дилкаш суҳбат кунед ё бо кори зеҳнӣ машғул шавед. Аз нафароне, ки нисбаташон боварӣ надоред, худро канор гиред. Ба садои қабл гӯш андохта, дӯстро аз душман фарқ карда метавонед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Дар ин рӯз барои нафаре чоҳ наканед, вагарна худатон ба чоҳи кандаатон фурӯ меравед. Нисбати ҳамкороне, ки баробари шумо таҷрибаву собиқаи корӣ надоранд, хурдагирӣ накунед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки чандин моҳ дар ҳасрати дидори шумо буд.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ҷойи кор ба вазъияти ногуворе гирифтор мешавед. Ҳамкорон шуморо дар бепарвоиву бемасъулиятӣ гунаҳкор месозанд, ба танқид омода бошед. Ҳангоми робита бо дӯстон сарварӣ накунед. Бо нафароне, ки солиёни зиёд риштаи мустаҳками дӯстӣ доштед, самимӣ бошед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз ба вазъи саломатии худ бодиққат бошед. Агар дарде нороҳататон месохта бошад, ба табиб муроҷиат кунед, бо худтабобаткунӣ машғул нашавед. Тарки одатҳои бад намуда, аз хӯрдани ғизоҳои равғанин, хамирӣ ва шӯр худдорӣ намоед. Бегоҳирӯзӣ лаҳзаҳои хуши ошиқонаро интизор бошед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз аввалан мушкилиҳои худро ҳал кунеду баъдан аз пайи анҷом додани корҳои дигарон шавед. Вагарна бо рақибони худ як ба як монда, вақти пурқимати худро бо баҳсҳои бемаънӣ мегузаронед. Вохӯрии хотирмон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад. Аз пайи ҷустани шахси идеалӣ нашуда, ҳақиқатбин шавед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз дар гуфтору рафтор андозаро нигоҳ доред. Ба хабаргирии хеши беморатон меравед. Ба бемориҳои музмине, ки ҳар сол дар ҳамин вақт хуруҷ мекунанд, бодиққат бошед. Сари вақт ба табиб муроҷиат карда, оқибатҳои нохуши бемориро пешгирӣ мекунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Ҳодисаҳое, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, ба дил наздик қабул накунед. Корҳоятон хуб мешаванд, ба шарте ки руҳафтода нашуда ба умеди кӯмаки бегонаҳо нашавед. Барои беҳтар сохтани вазъияти молиявӣ манбаи нави даромад ҷустанатон лозим меояд. Аз маслиҳатҳои шахси наздикатон рӯ нагардонед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Дар ин рӯз дар бораи худ ва дӯстдоштаатон овозаҳои зиёдеро мешунавед. Агар оқилаву дурандеш бошед, ба ғайбатҳо бовар накунед. Ақрабҳои коргар бо супориши роҳбарият ба сафари хидматӣ мебароянд. Дар сафар бисёр чизҳоро андеша намуда, дар тарозуи ақли худ баркашида метавонед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Аз субҳи содиқ қавс бояд нақшаи корӣ ва истироҳатро тартиб диҳад, то ки ниятҳояшро амалӣ карда тавонад. Табъи нохуши худро пинҳон доред, вагарна ба гирдоби яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Вохӯрии аҷиб фикру ақидаҳоятонро ба бисёр чизҳо тағйир медиҳад. Дар лоиҳаҳои эҷодӣ ба тахаюлоти худ бовар кунед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз барои харидани либоси нав ва ба кошонаи ҳусн рафтанатон хуб аст. Пешниҳоди нави корӣ имкон дорад, саросема нашавед, нағзакак фикр кунед. Барои сари қарори тақдирсоз омадан бароятон ду рӯз кифоя аст. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Маслиҳати дӯсти наздикатонро бо назари танқид қабул накунед. Андешаи он ки дӯстатон ба зиндагии шумо бинӣ мехалонад, комилан ғалат аст. Дӯсти зиндагидидаатон сидқан ба шумо кӯмак кардан мехоҳад. Агар дар масъалаи фурӯши тиҷорати шахсӣ ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, зудтар ба мақсад мерасед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз ҳутҳоро ба ғалат кардану рафтори нодуруст водор месозанд. Ба ғалат роҳ надиҳед, вале чунин нафаронро бе танбеҳ намонед. Аз ҷониби нафари бароятон ҷолиб таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Бегоҳирӯзӣ барои рафтан ба меҳмонӣ ва маърака оростан хуб аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ