Толеъномаи 09 декабр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Барои саломатӣ рӯзи хатарнок аст. Аз дарди сару беқувватӣ азият мекашед. Бар замми ин, маблағи калонро аз даст дода метавонед. Дар бораи ошиқатон хабаре мешунавед, ки яку якбора дилмонда мегардед. Ба маслиҳати ягон кас дар ин рӯз гӯш надиҳед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Ҳанӯз ҳам вазъи саломатиятон нохуб аст. Хастагӣ, дарди сар, камқувватиро ҳис мекунед. Аз кори вазнин худдорӣ намоед. Ба хӯроки мехӯрдаи худ бодиққат бошед, ишқварзию нӯшидани машрубот ба саломатиятон зарар мерасонад. Маблағи худро бояд сарфа намоед, сафари роҳи дурро ба таъхир гузоред.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз кинаву адоватро аз дил дур намуда, аз гуноҳҳои кардаи худ тавба кунед. Агар имкон дошта бошед, каме маблағи худро хайр кунед. Аз ҷиҳати психологӣ рӯзи душвор аст, дар ин рӯз аз асабонияту дағалӣ ва дилранҷонӣ худдорӣ намоед. Хусусан дӯстдоштаи худро хафа накунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Подоши кӯшишу ғайрататонро ҳатман мебинед. Ғалатҳоятон оқибати нохуш ба бор меоранд. Дар ҷодаи муҳаббат ягон тағйирот дида намешавад ва ин хуб ҳам аст, зеро ҳушатонро ба корҳои ҷиддӣ равона месозед. Дар оянда ҳаёти шахсии худро пинҳон доред. Дар ин рӯз қарз гирифтан хуб нест.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Ба саломатиятон хатар таҳдид мекунад. Андак фориғболӣ ё кори вазнин сабаби асабхаробӣ ё бемории дигар гашта метавонад. Дар ин рӯз қарзҳои аз дӯстонатон гирифтаро баргардонед. Ҳар қадаре нисбати дӯстдоштаатон меҳрубон бошед, ҳамон андоза муҳаббат мебинед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз ҳодисаҳои нохуш, садама ва бемориҳо имкон доранд. Агар мошин дошта бошед, дар роҳ эҳтиёт шавед. Бо шахси дӯстдошта ё хешовандон мушкилӣ имкон дорад. Танҳо аз шумо вобастагӣ дорад, ки минбаъд ҳамроҳ мемонед ё ҷудо мешавед. Бо ишқварзӣ машғул нашаведу арақ нанӯшед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Давраи санҷиш ҳанӯз ба охир нарасидааст. Баъзе ғалату камбудиҳо боиси он мегардад, ки ба кору наздиконатон бодиққат бошед. Рӯзи хубест барои ишқварзӣ. Дар баробари кори зиёд истироҳат карданро фаромӯш накунед, вагарна саломатиятон нохуб мегардад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз муваффақияти шумо аз дастгирии ҳамкоронатон вобастагӣ дорад. Баъди нисфирӯзӣ муҳаббату шодмонӣ меҳмони кошонаи шумо мегардаду табъи нохуш таркатон месозад. Рашки беҳуда накунед, вагарна бо ошиқатон моҷаро мекунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Рӯзи душвор аст, даъвою танқид ва ҳатто дағалӣ мебинед. Дар ҳама ҳолат худро ба даст гиреду ботаҳаммул бошед. Қариби бегоҳ ба корти бонкиятон пул мегузарад.  Бонувон бояд аз шиносоӣ худдорӣ намоянд. Хафагиву ранҷиш табъатонро хира месозад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Рӯзи душвор аст. Ботаҳаммул бошеду ба васваса дода нашавед. Кор қуввати зиёдатонро мегирад. Қабл аз хоб оббозӣ кардан ба саломатиятон фоида дорад. Агар дар муносибатҳои ошиқонаатон нофаҳмиву дилсардӣ зиёд бошад, беҳтараш аз баҳри чунин муҳаббат гузаред.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Қиморбозиву таваккал кардан вазъи молиявиатонро хароб месозад. Беҳтараш вақти худро бо дӯстдоштаатон гузаронеду нағзакак истироҳат намоед. Бонувон бояд ба нишонаҳои бемориҳои сарзада беэътиноӣ накунанд. Дар хоб дидани оби рехта ё шир нишонаи бад аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Барои ҳалли мушкилоти пулӣ рӯзи созгор нест, вале сафари роҳи дур бобарор анҷом меёбад. Одати ба маслиҳатҳои судманд гӯш надоданатон дар ин рӯз ба худатон зарар меорад. Хароҷоти худро кам карда аз пайи ҷамъ кардани пул шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *