Толеъномаи 10 сентябр 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ҳар коре, ки дар ин рӯз даст мезанед, андозаро нигоҳ дореду ба садои қалби худ гӯш андозед. Хусусан дар масъалаҳои муҳим ба фикри дигарон дода нашавед. Азбаски қобилияти аз нигоҳи аввал шинохтани инсонро доред, аз савол додану хирагӣ кардан шарм надоред. Танҳо муносибати софдилона шуморо комёб мегардонад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Агар шумо муҷаррад бошед, вақте расидааст, ки дар фикри оиладоршавӣ гардед. Агар дӯстдошта ё номзад дошта бошед, дарҳол аз пайи тӯй шавед. Нафароне, ки тиҷорати шахсӣ ва шарикони боэътимоди корӣ доранд, корашон барор мегирад.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз ҷавзоҳои меҳнатдӯст ва уҳдабаро самараи меҳнати худро мебинанд. Кӯшиши кунед, ки бо ҳамкорон ва аҳли оилаи худ муноқиша накунед. Тамоми мушкилиҳои рӯзгорро то бегоҳирӯзӣ рафъ намоед. Агар меҳмони раҳдурро интизор бошед, барои пешвоз гирифтану роҳати онҳо кӯшиш ба харҷ диҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Агар бо сабабҳои мушкилоти пулӣ бо наздикони худ муноқиша карда бошед, вақте расидааст, ки хафагиҳоро аз дил берун созед. Касе дар сусткориву пул кор карда натавонистани шумо гунаҳкор нест. Нафарони эҷодкор ҳам обруву нуфуз меёбанду ҳам маблағи хуб кор карда метавонанд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Барои расидан ба орзуву ниятҳои худ кӯшишу ғайрат нишон доданатон лозим меояд. Агар дуруст рафтор намоед, муваффақият кафолат дода мешавад. Дар танҳоӣ мушкилоти вобаста ба манзилро рафъ накунед, вагарна аз уҳдааш баромада наметавонед. Дар ҷодаи муҳаббат ба ақлу фаросат гӯш андозед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Нафароне, ки бо тиҷорат машғул ҳастанд, корашон барор мегирад. Харидани хонаи нав ё мавзеи корӣ бо муваффақият анҷом меёбад. Муҳим он аст, ки дар ин рӯз тамоми маблағи дар даст доштаи худро сарф накунед, вагарна азоби бепулӣ мекашед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз истироҳат кардану дилхушӣ карданро тавсия медиҳем. Азбаски рӯзи истироҳат асту шумо шахси заҳматкаш ҳастед, нағзакак истироҳат намоед. Агар пешниҳод хуби корӣ шавад, рад накунед. нисбати саломатии худ фориғболӣ накунед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Агар дӯстону наздикон барои истироҳат кардан дар оғӯши табиат шуморо даъват намоянд, рад накунед. Нафароне ки аз дӯстдоштаи худ ҷудо шудаанд, дергоҳ ба худ омада натавониста, гирифтори яъсу ноумедӣ мегарданд. Барои раҳоӣ ёфтан аз фикру андешаҳои мағшуш пурра бо кор машғул шавед.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Ҳама коратон бобарор анҷом меёбад, вале дар ҷодаи молиявӣ гирифтори бурҳонӣ молиявӣ мегардед. Сабаб дар ғалату камбудиҳои пешина аст. Танҳо бо кӯмаки нафари кордон мушкилиро рафъ карда метавонед, дар акси ҳол мушкилӣ тул мекашаду азоб мекашед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Муносибататон бо ҳар нафаре, ки дар ин рӯз шинос мешавед, ба дӯстии мустаҳкам мубаддал мегардад. Дар ҷодаи касбу кор роҳбарият нисбати шумо серталаб мегардаду ин амал боиси нофаҳмиву дилозорӣ мегардад. Баъди нисфирӯзӣ барои истироҳати бофароғати худ тамоми шароитро муҳаё намоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Вақти бештари худро барои рафъ намудани корҳои оилавӣ ва мушкили наздикон равона месозед. Ба ҳар гапе, ки дар ҳаққи худ мешунавед, гӯш надиҳед. Муҳим он аст, ки вазифаҳои худро босифат ва бе ғалат ба анҷом расонед. Дар ин рӯз эҳтимоли бо шахси ба дилатон писанд шинос шудан вуҷуд дорад.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Фикру шубҳаҳои ботилро аз сар дур намоед. Ҳақиқатнигор бошед ва комёбӣ ҳамсафаратон мегардад. Ба танқиду кинояи ҳамкорон бо табассум посух гуфта бурд мекунед. Агар ҳама корро нағзакак ҳаллу фасл намоед, ба муваффақияти зиёде ноил мегардед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ