Толеъномаи 19 декабр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз аз вазъи  молиявии худ хеле қаноатманд мегардед. Барои корҳои қаблан ба анҷом расонидаатон даромад ба даст меоред. Қарзҳои куҳнаро бармегардонанд. Барои бастани ақди никоҳ рӯзи мусоид аст. Ҷойи нави корӣ меёбед, вале бо сафарҳои хидматии дарозмуддат.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ин рӯз тамоми корҳоятонро дар корхонаву оила ба дараҷаи аъло ба анҷом мерасонед. Нерӯи худро ба корҳои беҳуда сарф накунед, мурғи илҳоматон нисфирӯзӣ ба парвоз меояд. Саврҳои оиладор ба хотири мустаҳкам сохтани муносибатҳои оилавӣ ба ҳама  кор қодиранд.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Бо рақибону ҳасудхӯрон муборизаи шадид оғоз мекунед. Агар шумо тиҷорати шахсӣ дошта бошед, ба ягон ғалат даст заданатон нобахшиданӣ аст. Агар бар замми заҳмат кашидан боз қобилиятҳои ақлониятонро ба кор баред, даромади хуб ба даст меоред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ҳар қадаре нисбати кори худ бо виҷдон бошед, ҳамон андоза муваффақ мегардед. Агар оиладор бошед ё дӯстдошта дошта бошед, ба ишқбозӣ роҳ надиҳед. Як хатои ночиз боиси вайрон шудани муносибатҳои чандсолаи ошиқона ё шикасти бахтатон мегардад.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Барои рангин сохтани ҳаёти оилавиятон тағйирот ворид кардан мехоҳед. Қабл аз ҷорӣ намудани навгониҳо бо дӯстдоштаатон маслиҳат кунед. Кӯмаки моливу моддиро аз ҷониби наздикон мебинед. Дар танҳоӣ мушкилиҳои ба саратон омадаро рафъ сохта наметавонед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз наздикон аз шумо кӯмак мепурсанд. Бо вуҷуди нохуб будани вазъи молиявиятон аз мадад расонидан рад накунед. Имкони зиёди ошиқ шуданатон вуҷуд дорад. Бегоҳирӯзӣ аз дидори дӯстон як ҷаҳон ҳаловат мебардоред.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар миёни дӯстонатон бадхоҳоне ҳастанд, ки бо ғайбату буҳтонашон ба шумо зарар мерасонанд. Кори худро лаҳзае беназорат нагузоред, зеро аз он ояндаи касбу коратон вобастагӣ дорад. Бегоҳирӯзӣ мулоқоти ошиқона табъатонро болида месозад.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз ақрабҳо касбу корашонро тағйир медиҳанд. Бо ҳунари пазандагиятон ҳамаро ба ҳайрат оварда, ба дӯстон дар амалӣ сохтани амалҳои эҷодиятон кӯмак мерасонед. Рӯзи хубест барои нафароне, ки одатҳои бади худро партофтан мехоҳанд.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз нисбати шахси дӯстдоштаатон хеле босабру таҳаммул бошед. Дар хонаи қавсҳои оиладор бо сабаби норасоии маблағ муноқиша рух медиҳад. Ба наздиконатон фаҳмонед, ки вазъи молиявиатон рӯзҳои наздик беҳтар мегардад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар роҳи расидан ба мақсад монеаҳои зиёд пеш меоянд. Хариди калонро ба таъхир гузоред, вале таъмири хурд ва корҳои хонаро фавран ба анҷом расонед. Дар ҳаёти шахсии ҷаддиҳо нафари воломақому сарватманде пайдо мешавад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз дар сарфи пул сарфакор бошед. Харҷу хароҷотҳои берун аз нақша ба хотири оилаву фарзандон имкон дорад. Бо шарикони корӣ дағалӣ накунед. Агар ҳамкорони кордону ботаҷриба дошта бошед, бо маслиҳат амал намоед.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз бо ҳамсафари ҳаётиятон нофаҳмӣ имкон дорад. Ширкати хориҷие ба шумо шартномаи муфид пешниҳод менамояд. Аз ин туҳфаи тақдир рӯ нагардонед, вагарна сахт пушаймон мешавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *