Толеъномаи 23 август 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Имрӯз корҳоятонро ба нақша мекашеду аз ҷониби атрофиён дастгирӣ мебинед. Бештар бо дӯстонатон дар робита бошед, вале кореро, ки иҷро карда наметавонед, ваъда надиҳед. Ба вазъият нигоҳ карда амал намоед, ба ҳодисаҳои рухдода мисоли бегона аз дур назорат накунед. Нобарориҳоро ҷасурона қабул намуда, аз гуфтани гапи ҳақ наҳаросед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Рӯзи хубест барои тағйиротҳои куллӣ дар зиндагӣ. Ин тағйиротҳо дар ояндаи шумо нақши ҷиддӣ мебозанд. Нисбати дигарон аз ҳад зиёд хурдагир набошед, вагарна табъатон хира гашта, боиси бемор шудани узвҳои ҳозима мегардад. Ба наздикони худ меҳрубон бошед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Дар ин рӯз нисбати нафароне, ки нисбати шумо душманӣ ё рӯирост дағалӣ мекунанд, муборизаро оғоз менамоед. Дар баробари ин, дӯстони худ ё ҳамаи онҳоеро, ки бегуноҳ ҷабр дидаанд, пуштибонӣ кардан мехоҳед.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Бо нафарони даркорие, ки аз илтифоташон пешравии корҳои шумо вобастагӣ дорад, вохӯрда муносибати хуб барқарор менамоед. Робитаҳои дар ин рӯз барқароргашта хеле манфиатовар мегарданд, аз ин лиҳоз, риштаҳои дӯстиро канда насозед. Бар зидди роҳбарият амал накунед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Ҳодисаҳои ин рӯз душворанд, вале шуморо ба тағйиротҳое водор месозанд, ки сахт ниёз доштед. Атрофиён нисбати шумо бо дили софу самимияти беандоза рафтор менамоянд, аз вазъият истифода бурда, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монед. Қабл аз гаперо ба даҳон овардан нағзакак андеша намоед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дар ин рӯз мисоли оҳанрабо диққати атрофиёнро ба худ ҷалб месозед. Чизе гуфтану коре карданатон лозим нест, хомӯшии шумо ҷазобияти бештар дорад. Бо нафарони даркорӣ шинос шуда, барои худ такягоҳ захира намоед. Бо як табассум ё нигоҳ дил ба даст меоред.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз бо атрофиён хеле хуб забон ёфта, аз пайи иҷрои корҳои муҳиму аҷиб мегардед. Бо ободонии хонаву дари худ, таъмири мошин машғул шавед. Кореро ба анҷом нарасонида, аз пайи иҷрои кори дигар нашавед, вагарна корҳоятон нотамом мемонанд.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз навигариҳои гувороро интизор бошед. Дар ҷодаи муҳаббат комёб мегардед ё маблағи пулиеро мегиред, ки кайҳо боз дар интизораш будед ва ё хабари хуш мешунавед. Агар дар дил нақшаву нияте дошта бошед, ҳамин рӯз барои амалӣ кардан хеле бобарор аст.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Кӯшиш намоед, ки вақту диққати худро ба корҳои дуюмдараҷа сарф насозед. Дар ин рӯз тамоми диққати худро ба рафъи мушкилиҳои шахсӣ равона созед. Бегоҳирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки чанд муддат аз ӯ дурӣ меҷустед. Бо нафароне, ки гирифтори зукоманд, дар як утоқ нишастанро тавсия намедиҳем.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Дар ин рӯз тобу тоқати шунидани нуқтаи назари дигаронро надоред, қаҳру ғазаб боиси сардшави муносибат бо атрофиёнатон мегардад. Ақидаи дигаронро ба эътибор нагирифтану ғалат шумориданатон ба вазъи молиявӣ таъсири манфӣ расонида, боиси ҷудоӣ бо шахси дӯстдоштаатон мегардад.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Имрӯз ба доми дасисабозиҳои дигарон афтиданатон имкон дорад. Бегуноҳии худро исбот карданатон маънӣ надорад, беҳуда вақту асабатонро хароб месозед. Дар ин рӯз аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, ба баҳсу мунозира ҳамроҳ нашавед ва бо сардор баҳс накунед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Дар ин рӯз бо сабаби сарфи маблағи зиёд байни шумову наздиконатон нофаҳмӣ рух медиҳад. Муноқишае, ки байни шумову дӯстдоштаатон рух медиҳад, муносибатҳои ошиқонаи шуморо ранги тоза мебахшад. Ҳангоми сари қароре омадан ба садои қалби худ гӯш наандозед, беҳтараш аз таҷрибаҳо панд гиред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ