Толеъномаи 24 июл 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Агар аз ҷониби дӯстон кӯмаки молиявӣ пешниҳод гардад, онро рад накунед. Ҳар гапе, ки дар ин рӯз мешунавед, сарчашмаи пайдоишашро нағзакак санҷида бинед, вагарна бо сабаби беэҳтиётӣ ба ҳолатҳои ногувор гирифтор мешавед. Гардишҳои ногаҳонии қисмат боиси аз даст додани маблағи пулӣ мегардад.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Аз ҷониби наздикон ва ҳамкорон нофаҳмӣ имкон дорад. Сабаб дар ноогоҳии шумо дар масъалаҳои зиёд аст. Барои хариду фурӯши хона ва ба манзили нав кӯчидан рӯзи олиҷаноб аст. Истодагариятон дар ҷодаи муҳаббат бар зарари худатон мегардад. Ба саврҳои муҷаррад ҳангоми шиносшавӣ ба шитобкорӣ роҳ доданро маслиҳат намедиҳем.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Ба он соҳаи фаъолияте, ки ба наздикӣ машғул шудаед, бодиққат бошед. Агар ба кори дигарон бинӣ халонед, обрӯятонро дар назди дӯстон аз даст медиҳед. Дар давоми рӯз барои хароҷоти оилавӣ ба шумо маблағи калон лозим мешавад. Барои сахт бемор нашудан масунияти худро мустаҳкам кунеду хӯроки солим истеъмол намоед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ба ҳодисаҳои дар ин рӯз рухмедода хунукназарӣ накунед. Нафароне, ки ошиқ мешаванд, хуб мебуд, ки аз дӯстдоштаи худ олиҳа натарошанд. Тиҷорати шахсӣ нисбатан беҳтар мегардад. Барои ба меҳмонӣ рафтану меҳмон қабул кардан рӯзи бобарор аст. Баъди нисфирӯзӣ ба касе пул надиҳед.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Дар ин рӯз муносибатҳои пешинаи ошиқонаатонро барқарор карда метавонед. Эҳтимоли аз нав ошиқ шудану сахт дил бастанатон вуҷуд дорад. Бо нафароне, ки хуб намешиносед, робита накунед, вагарна кор бо муноқишаи калон ва ҳатто аз даст додани маблағи пулӣ мегардад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Бо корҳое машғул шавед, ки пештар дар фикраш набудед. Даромади пулӣ ба даст оварда, мақоми худро дар ҷомеа мустаҳкам месозед. Баъди нисфирӯзӣ қарзҳоятонро бармегардонанд, аз вазъи молиявӣ ташвиш накашед. Бо намояндагони ҷинси муқобил  муноқиша имкон дорад. Саломатиятон каме нохуб мегардад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз бо ҳар коре, ки машғул шудан мехоҳед, фоида ба даст овардан мехоҳед. Тағйиротҳои ҷиддӣ дар ҳаёти шахсӣ, хусусан дар зиндагии мизонҳои муҷаррад дида мешавад. Шумо нафареро вомехӯред, ки аз ними нигоҳ якдигаррор дарк мекунед. Дар саломатии нафарони калонсол мушкилиҳои ҷиддӣ имкон доранд.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз мушкиливу ҳодисаҳои ногувор имкон надоранд. Муҳимаш  бо рафтори нодуруст бар зарари худ амал накунед. Эҳтимоли ба даст овардани даромади пулӣ дар назар нест, вале маблағи дар даст доштаи худро нигоҳ доштан муяссаратон мегардад. Нисбати саломатии фарзандон фориғболӣ накунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз барои ҳар гапе, ки ба забон меоред, ҷавоб гуфтанатон лозим меояд. Нафароне, ки ба сафар мебароянд, бояд аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт шаванд. Бо мошини шахсӣ дар танҳоӣ ба роҳ набароед. Дар ҳаёти шахсиятон эҳтимоли фиреб хӯрдан вуҷуд дорад. Шиносоии нав боиси дилмондагӣ мегардад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Агар шумо ба наздикӣ ба кори нав шурӯъ карда бошед, нағзакак меҳнат карда, мавқеи худро устувор намоед. Дар ҳаёти шахсиятон нақшаҳо тағйир меёбанд. Хароҷоти ғайринақшавӣ ва ногаҳонӣ боиси аз даст додани маблағи зиёд мегардад. Эҳтимоли муноқиша карданатон бо намояндагони ҷинси муқобил вуҷуд дорад.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ин рӯз хариди калон ва сарфи пулро маслиҳат намедиҳем. Эҳтимоли бо атрофиён муноқиша карданатон вуҷуд дорад, аз ин рӯ аз қоидаҳои вуҷуддошта сарпечӣ накунед. Сабру таҳаммулро пеша кунед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд. Дар хоб дидани гурба нишонаи бебарорӣ ва бадкирдории душманон аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Дар ин рӯз агар кӯшиш кунед, ҳатто аз шуғли дӯстдоштаи худ пул кор карда метавонед. Нафароне, ки бемориҳои музмин доранд, беҳтараш чораҳои пешгирикунанда андешида, бештар истироҳат намоянд. Хароҷоти худро ба нақша гирифта, пули зиёд сарф накунед. Мушкили наздикон аз шумо дастгирии моддиву маънавиро талаб мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *