Толеъномаи 26 июл 2017
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Агар ба ғаму андуҳ дода нашавед, тамоми мушкилиҳоро рафъ месозед. Имкони амалӣ сохтани нақшаҳои дерин фаро мерасад. Зимни робита бо одамон ба андешаи онҳо гӯш диҳед. Ба гапу рафтори худ диққат диҳед, то ки сабабгори муноқиша нагардед. Эҳтимоли даромади пулӣ ё туҳфа гирифтанатон вуҷуд дорад.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Кӯшиш намоед, имрӯзро дар хона гузаронед. Ба кӯдакону хешовандон меҳрубонӣ зоҳир намоед. Барои муносибатҳои ошиқона чандон рӯзи бобарор нест. Вазъи молиявиатон чандон тағйир намеёбад. Табъатон зуд-зуд тағйир ёфта, аз уҳдаи корҳои ҳаррӯзаатон намебароед. Дар хоб дидани ашк ва гиря нишонаи хуб нест.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Рӯзи бобарор аст, хусусан барои нафарони эҷодкор. Эҳтимоли даромади пулӣ ё пешниҳоди ҷолиб вуҷуд дорад. Ҷасурона аз пайи кори дилхоҳ шудан гиред. Ба назди табиб рафтану ташхиси бемориҳоро тавсия намедиҳем. Дар саломатиятон ягон мушкилоти ҷиддӣ дида намешавад.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ҳаёти шахсӣ аз саросемагиву хулосабарории нодуруст азият мекашед. Хароҷоти молиявӣ бо сафарҳо, хешовандон ва мушкилоти рӯзгор алоқамандӣ дорад. Хастагиву асабонияти рӯзҳои гузашта боиси муноқиша бо атрофиён мегардад. Барои он ки рашку ҳасуди ҳамкоронро наоред, нисбати онҳо боилтифот бошед.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯзи бобарор аст, хусусан барои бонувон. Эҳтимол шиноси наватон дар ҷаҳонбинии шумо нақши худро мегузорад. Мардҳо барои расидан ба мақсад бояд ҷасуртар амал намоянд. Барои нафароне, ки ба гардишҳои қисмат омода ҳастанд, барои иваз кардани ҷойи кор ё макони зист рӯзи бобарор аст.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Худро бо фикру андешаҳои мағшуш саргаранг насозед. Дилкушод бошеду оқибати амалтонро андеша намоед, он гоҳ муваффақият ҷониби шумо мегардад. Макру ҳила ягон фоида намеорад. Хатари дар назди дӯстонатон шарманда шудан вуҷуд дорад. Ба эҳсосоти манфӣ дода нашавед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Дар ин рӯз масаъалаҳои молиявӣ натиҷаи хуб намедиҳанд. Хабари ногаҳонӣ боиси вайрон шудани муносибат бо атрофиён мегардад. Дар ин рӯз беҳтараш ба сафар набароед ва аз оташ худро канор гиред. Маблағи зиёд сарф карданро тавсия намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ вохӯрии хотирмон дар назар аст.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Шуморо сафару сайёҳат ва вохӯрии нав интизор аст. Шумо кайҳо боз мехостед ҳаёти худро тағйир диҳед, инак, ҳамон лаҳза фаро расид. Дар ҷодаи муҳаббат ба дили дӯстдоштаи худ роҳ пайдо месозед. Бештар ба ақли солим такя намоед, на ба эҳсосот. Баъди нисфирӯзӣ нотоб шуданатон эҳтимол дорад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Хафагиву ранҷишро ба хотир наоред, вагарна табъатон хира мегардад. Масъалаҳои молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Дар саломатиятон бемориҳои вирусӣ ва инфексионӣ имкон доранд. Аз ширкат варзидан дар маъракаҳои серодам худдорӣ намоед. Нобарориҳои дар ин рӯз рухдода танҳо беҳбудӣ меоранд.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Рӯзи душвор аст. Аз кӯмаки атрофиён рӯ нагардонед, имрӯз кори дастаҷамъона ва якҷоя ба фоидаи шумо аст. Нисбати наздикони худ бодиққат бошед. Нофаҳмиҳои рухдода боиси душворшавии муносибатҳоятон мегардад. Ботаҳаммул бошед, ба эҳсосоти манфӣ дода нашгавед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Дар ин рӯз тамоми маблағи худро сарф накунед, беҳтараш нақшаи харидҳоятонро тартиб диҳед. Агар чораҳои пешгирикунанда наандешед, гирифтори бемориҳои сироятӣ шуданатон имкон дорад. Дар муносибатҳои ошиқона хеле эҳтиёткор бошед.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Зимни робита бо одамон ботадбир бошед, вагарна аз муноқишаву ҷанҷоли калон халосӣ намеёбед. Дар давоми рӯз кори иловагие имкон дорад, ки қувваву вақти зиёдатонро фаро мегирад. якравию дағалӣ дар ҷодаи муҳаббат боиси сард гаштани муносибат бо шахси дӯстдоштаатон мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ