Толеъномаи 31 октябр 2017

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи пур аз ҳодисаҳои аҷиб аст. Дар касбу коратон пешниҳодҳои ҷолиб пайдо мешаванд. Бо ҳамкорон ва роҳбарият баҳсу мунозира карданро тавсия намедиҳем. Айни замон барои мустаҳкам гаштани саломатӣ кӯшиш ба харҷ доданатон лозим аст. Агар имкон дошта бошед, аз корҳои ҷисмонӣ худдорӣ намуда, витамин истеъмол кунеду дар ҳавои тоза гашутгузор намоед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Дар ҷои кор ягон тағйирот рух намедиҳад. Беҳтараш бо коре машғул шавед, ки аз шумо заҳмати зиёдро талаб накунад. Дар рафтору гуфтор боэҳтиёт бошед. Аз муошират бо нафароне, ки ба дилатон писанд нестанд, дурӣ ҷӯед. Нафаре ба шумо ҳасад мебарад.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ҳам дар касбу кор ва ҳам дар муносибатҳои ошиқона бурд мекунед. Натиҷаи заҳматҳои худро мебинед. Баъзеҳоро вохӯрии ғайриоддӣ ё шиносоиҳои судманд интизор аст. Ягон ҳодисаи муҳим ва ғайриоддӣ рух намедиҳад. Бо касе баҳсу мунозира накунед.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Бо вуҷуди зиёд будани корҳоятон ба шитобкорӣ роҳ надиҳед. Нисбати нафароне, ки сидқан ба шумо некӣ мехоҳанд, беҳурматӣ зоҳир накунед. Асабоният ва табъи нохуши худро ба сари ҳамкорон ва наздикон нишон надиҳед. Бо нафаре шинос шуданро тавсия намедиҳем.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Яке аз рӯзҳои бобарортарин ба шумор меравад. Маҳз дар ҳамин рӯз кори пештар оғознамудаатонро ба анҷом мерасонед. Аз санҷишу имтиҳони тақдир сарбаландона мебароед. Дар ҷойи кор дар бораи худ зиёд нақл накунед, эҳтимол нафаре ба шумо ҳасад мебарад.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз бо мушкилиҳое машғул шуданатон лозим меояд, ки вақтҳои охир ҷамъ шудаанд. Асаби худро эҳтиёт карда, бо ҳар сабаби ночиз ба қаҳр наоед, вагарна дар хона бо наздикон муноқиша мекунед. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷуста, дар ҷойҳои торик танҳо нагардед.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз барои муваффақ шудан фаъолнокии зиёд нишон доданатон лозим аст. Бо нафароне, ки ҳамкорӣ кардан мехоҳед, забон ёфта тавонистанатон лозим аст. Саломатиро эҳтиёт кунед, аз ҳолатҳое, ки боиси фишори руҳӣ мегарданд, дурӣ ҷӯед.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Рӯзи хубест барои пешравии касбу кор ва муносибатҳои ошиқона. Бо қувваи дучанд аз уҳдаи ҳама кор мебароед. Рафту вохӯриҳоятон бо сабабе баргузор нагардад, бар зиди тақдир амал накунед. Аз гуфтори қабеҳ, мазоқу масхара ва гуфтори беҳудда худдорӣ намоед. Нисбати наздикон садо баланд накунед.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Корҳои шахсиятон зиёд мешаванд. хабарҳои хушро ба нафароне, ки хурсандии шуморо намехоҳанд, қисмат накунед. Эҳтимол нафаре бо бадзабонияш дилатонро меранҷонад. Бо кори рӯзгор андармон шуда, саломатии худро фаромӯш насозед.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз бо касе баҳс накунед, хусусан бо ҳамкорону роҳбарият. Вагарна табъатон хира мегардаду асабатон ноором. Нафароне ки бо роҳи фиреб ба мақсад расидан мехоҳанд, ғалат мекунанд. Умуман ба муноқиша ву ҷанҷол роҳ надиҳед. Баъди нисфирӯзӣ истироҳат кунед.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Дар ҷои кор муваффақиятҳои хубро ноил мегардед. Ба ягон кори хатарнок даст назанед. Дар муносибат бо шахси дӯстдоштаатон бештар ғамхорӣ, муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ зоҳир намоед, танҳо бо ҳамин роҳ аз кинояи тарафайн эмин мемонед. Барои харидани ҷиҳози хона рӯзи умсоид аст.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Рӯзи бобарор аст. Эҳтимол ҳамкорон дар амалӣ сохтани нақшаҳо дасти кӯмак мерасонанд, шумо низ онҳоро дастгирӣ намоед. Дар ҷодаи муҳаббат нофаҳмӣ дида намешавад, хабару навигариҳои хуш мешунавед. Нисбати саломатӣ фориғболӣ накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *