Тоҷикистон истеҳсоли равғани растаниро зиёд кард, аммо ҳанӯз вобастаи воридот
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2025 дар кишвар 29,2 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 12 дарсад бештар мебошад. Бо вуҷуди ин афзоиш, ҳаҷми истеҳсол барои пурра пӯшонидани талаботи дохилӣ нокифоя арзёбӣ мешавад.
Соли гузашта Тоҷикистон аз хориҷ 103,7 ҳазор тонна равғани растанӣ ворид кардааст. Арзиши умумии воридот 110,2 миллион долларро ташкил дода, нархи миёнаи як тонна 1 063 доллар ҳисоб шудааст. Ҳаҷми воридот нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6 888,9 тонна ё 7,1 дарсад зиёд шудааст.
Аз ҳаҷми умумии равғани воридшуда 85,1 дарсад ба Қазоқистон, 11,7 дарсад ба Россия ва 3,2 дарсади боқимонда ба дигар кишварҳо рост меояд.
Дар бозори воридоти равғани растанӣ 105 субъекти хоҷагидор фаъолият мекунад. Воридкунандагони асосӣ ҶДММ “Манучеҳр Хуҷаев” (11,8%), ҶДММ “Сафо 2013” (10,6%), ҶДММ “Раҳмонҷон сармоя” (10,7%), ҶДММ “Анко Инвест” (5,9%), ҶДММ “Корвон 2011” (5,4%), ҶДММ “Таджеро” (4,2%) ва дигар ширкатҳо (51,4%) мебошанд.
Мувофиқи меъёри ҳадди ақалли маҳсулоти ғизоӣ, истеъмоли равғани растанӣ ба ҳар сари аҳолӣ 13,68 килограмм дар як сол муайян шудааст. Бо ин ҳисоб, истеҳсоли дохилӣ танҳо то 30 дарсади талаботро таъмин мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ