Трамп харидори ҷазираи Гренландия аст

Иёлоти Муттаҳида Амрико имкони истифодаи нерӯи низомӣ барои ба даст овардани назорати Гренландияро матраҳ кард, дар ҳоле ки роҳбарони Аврупо ва Канада аз қаламрави Арктика пуштибонӣ карда, гуфтанд, ки ин ҷазира ба мардуми он таалуқ дорад.

Рӯзи сешанбе 6-уми январ дар изҳороте, ки Кохи Сафед нашр кард, гуфта мешавад, ки президенти ИМА Доналд Трамп харидани ҷазираи Гренландияро, ки қисми Подшоҳии Дания аст, ҳамчун авлавияти амнияти миллӣ мешуморад, ки барои “боздоштани рақибони мо дар минтақаи Арктика” зарур аст.

Мақомоти Даня низ ба изҳороти Трамп вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла сарвазири Даня Метте Фредериксен ҷазираи Гренландияро як ҷузъи Дания хонд ва ғасбӣ ҷазираро як амали “ноодилона” донист.

Ҷазираи Гренландия бузургтарин ҷазираи ҷаҳон ба шумор меравад. Он дар қисми шимолии уқёнуси Атлантик ва уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ҷойгир буда, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба қитъаи Амрикои Шимолӣ наздик аст, аммо идораи сиёсии он ба Подшоҳии Дания тааллуқ дорад.

Масоҳати Гренландия тақрибан 2,16 миллион километри мураббаъ мебошад. Қариб 80 фоизи қаламрави ҷазираро қабати ғафси ях пӯшонидааст. Ин яхбандӣ яке аз бузургтарин захираҳои оби ширини ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Иқлими Гренландия асосан қутбӣ аст, зимистонҳо бисёр сард ва тӯлонӣ, тобистонҳо кӯтоҳ ва салқин мебошанд. Дар баъзе минтақаҳо ҳарорат дар зимистон то манфии 50 дараҷа  мебошад.

Аҳолии Гренландия камшумор буда, тақрибан 56 ҳазор нафар мебошад. Аксари сокинон ҷазира инуитҳо (эскимосҳо) ҳастанд. Пойтахташон шаҳри Нуук мебошад.

Забони расмӣ онҳо гренландӣ, аммо забони данӣ низ васеъ истифода мешавад.

Даромади мардуми ин ҷазира асосан аз рӯи моҳидорӣ, шикор, канданиҳои фоиданок ва кӯмакҳои молявии Дания аст.

Гренландия мақоми худидоракунӣ яъне мухторият дорад. Он дорои парлумон ва ҳукумати маҳаллӣ мебошад, вале масъалаҳои мудофиа ва сиёсати хориҷӣ зери назорати Дания қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *