ТВ «Сафина» соҳиби радио мешавад

Соли равон “Радиои Сафина” ба фаъолият шуруъ хоҳад кард. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ директори нави “ТВ Сафина” Садриддини Шамсиддин иттилоъ дод.

“Барои фаъолияти “Радиои Сафина” тақрибан 70%-и корҳои зарурӣ алакай анҷом дода шудаанд. Имсол “ТВ Сафина” ҷашни 20-солагии худро таҷлил менамояд. Мо нақша дорем, ки то ин ҷашн пахши барномаҳои “Радиои Сафина”-ро низ оғоз намоем”,- гуфт зимни нишасти хабарӣ Садриддини Шамсиддин. Ҳамчунин зикр гардид, ки “ТВ Сафина” дар соли 2025 чандин лоиҳаҳои ҷадидро амалӣ карданист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image