Вазири корҳои хориҷии Чин ба Тоҷикистон меояд
Узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 31-уми июл – 1-уми август бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар доираи сафар мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар назар аст.
— Интизор меравад, ки зимни мулоқотҳо ҳамкории дуҷониба ва вазъи минтақа баррасӣ гарданд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ