Як тоҷик дӯстдухтарашро дар Новосибирск кушт

Як зодаи Тоҷикистон, сокини шаҳри Новосибирски Русия бо корд дӯстдухтарашро куштааст. Гуфта мешавад, ки ӯ дӯстдухтарашро 15 корд задааст. Ин воқеаро як нафар роҳгузар аз мошин сабт кардааст.

Тибқи иттилои РИА Новости, “дар кадрҳои навори видео дида мешавад, ки духтар аз назди ҷавон гурехтанӣ мешавад, лекин мард ӯро дарёб ва сипас бо корд ба зарбазанӣ оғоз мекунад”.

Ду нафар шоҳид ҷуръати наздик шудан ба ҷинояткори мусаллаҳро накардаанд. Ҷинояткор баъди куштани духтар аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Гумонбар 27-уми июл дар ноҳияи Ленини Новосибирск дастгир шудааст. Ӯ шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Роман Ҳамроев будааст.

Ба ақидаи шахсоне, ки зану мардро мешиносанд, сабаби ин амал рашк аст, зеро зани фавтида маъшуқаи Ҳамроев буда, баъдан робитаҳояшонро кандаанд. Чанд рӯз пеш то ҳодиса ҷавон гуфта будааст, ки маъшуқааш “ё аз они ӯ мемонад, ё аз они ҳеҷ кас намешавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *