Вазорат баста шудани 7 рӯзномаи мустақилро шарҳ дод
Давлат Сафар, муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон баста шудани 7 нашрияи мустақилро дар кишвар шарҳ дод.
“Нашрияҳои “Фараж” ва “Самак”, ки дар тобеияти Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буданд, бо қатъ шудани фаъолияти ин Марказ аз нашр монданд”,-гуфт номбурда.
Ҳамчунин, Давлат Сафар гуфт, ки далели дигари баста шудани нашрияҳои мустақил ба интернет гузаштани онҳо аст.
“Агар теъдоди нашрияҳои хусусӣ дар соли 2025 кам шуда бошанд ҳам, теъдоди агентиҳои иттилоотӣ афзудаанд. Ин далели он аст, ки расонаҳо ба фазои маҷозӣ мераванд”,-гуфт номбурда.
Ёдовар мешавем, ки тибқи омори нашркардаи Вазорати фарҳанги кишвар ҳоло дар Тоҷикистон 61 нашрияи мустақил нашр мешавад, ки ин рақам назар ба як соли қабл 7 адад камтар аст. Соли пеш дар Тоҷикистон 68 рӯзномаи мустақил чоп мешуд.
Аммо, дар асоси омори тозае, ки Вазорати фарҳанг нашр кардааст, шумораи нашряиҳои давлатӣ як адад афзоиш ёфта, аз 130 ба 131 адад расидааст.
Дар ҳамин ҳол, соли 2025 теъдоди маҷаллаҳои давлатӣ ва хусусӣ афзоиш ёфтааст. Ҳоло дар кишвар 184 маҷалла (151 давлатӣ ва 33 мустақил) ба чоп мерасад. Соли гузашта шумораи маҷаллаҳо 158 адад (130 давлатӣ ва 28 мустақил) буд.
Ҳамчунин, ҳоло дар Тоҷикистон 6 агентии иттиллоотӣ, 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ