ВКД ба қирғизҳо: Дурӯғ нагуеду нанависед…

Дар ноҳияи Лахш қирғизтаборони дорои ду шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд. Ин падидаи муқаррарист. Аммо, ҳолатҳои шадид шудани назорати шиносномаҳо ва ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон вуҷуд надоранд

Расонаҳои Қирғизистон хабарҳо дар мавриди шадид шудани раванди тафтиши шиносномаҳои сокинони қирғизтабори ноҳияи Лахш паҳн мекунанд.
Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикстон бо нашри як изҳорот расонаҳои Қирғизистонро дар паҳн намудани хабарҳои дуруғу носанҷида муттаҳам намудааст.

Агентии Ховар бо такя ба маълумоти сардори маркази мабтуоти ВКД Тоҷикистон Нусрат Маҳмадзода менависад, ки ҳамаи ин иттилоот нодуруст ва аз ҳақиқат дур мебошанд.

“Далелҳои дар ВАО-и Қирғизистон интишорёфта аз ҳақиқат дур мебошанд. Дарвоқеъ, дар ноҳияи Лахш қирғизтаборони дорои ду шаҳрвандӣ зиндагӣ мекунанд. Ин падидаи муқаррарист. Аммо, ҳолатҳои шадид шудани назорати шиносномаҳо ва ихроҷи шаҳрвандони Қирғизистон вуҷуд надоранд”, – омадааст дар хабар.

Зимнан, роҳбари маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ВАО даъват мекунад, ки вазъи бидуни ин ҳам мураккабро шадидтар накунанд ва иттилооти носанҷидаро интишор надиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *