ВКД: Сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар афзудааст

ВКД Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли равон аз 3 амали террористӣ дар кишвар пешгирӣ кардааст. Дар ин бора Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Номбурда гуфт, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамчунин аз 2 сӯиқасд ба амали террористӣ пешгирӣ намуданд. Ба иттилоъи Аламшозода соли гузашта 582 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта сабт ва 226 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористию ифротӣ дастгир гардиданд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки давоми 6 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ афзудааст. Дар ин бора Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба иттилоъи номбурда дар нимсолаи аввали соли равон 11 ҳазору 804 ҷиноятро сабт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 192 адад зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *