Владимир Ғуломҳайдаров – “Пелеи тоҷик” 80-сола шуд

Имрӯз, 26 феврал яке аз чеҳраҳои барҷастаи футболи кишвар, Владимир Ғуломҳайдаров, ба синни 80-солагӣ расид. Ӯро ҳаводоронаш барои техникаи нозук ва бозии эҷодиаш ҳамчун “Пелеи тоҷик” мешиносанд.

Ғуломҳайдаров солҳои 1964–1977 дар ҳайати дастаи “Помир”-и Душанбе ҳунарнамоӣ карда, дар 241 бозӣ 30 гол ба самар расондааст. Дар авҷи фаъолияти варзишӣ ӯ ду мавсим (1969–1970) шарафи “Торпедо”-и Москваро ҳимоя кардааст.

Соли 1968 ӯ нахустин футболбози тоҷик гардид, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуд. Дар ҳайати мунтахаб дар ҳашт бозӣ се гол ба номаш сабт шудааст.

Пас аз анҷоми фаъолияти бозигарӣ, беш аз чаҳор даҳсола ба кори мураббигӣ машғул буд. Соли 1980 таҳти роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи умумииттифоқии «Переправа» пирӯз шуда, бо ҷоизаи ҳафтаномаи «Футбол-Хоккей» қадрдонӣ гардид.

Владимир Ғуломҳайдаров аз чеҳраҳои таъсиргузори таърихи футболи тоҷик маҳсуб мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *