Дар Ӯш варзишгари номӣ захмӣ шуд

Дар деҳаи Фурқати вилояти Ӯши Қирғизистон рӯзи 22 сентябр тирпарронӣ рух дод. Ба иттилои расонаҳо, дар ин тирпарронӣ варзишкори машҳури қирғизистонӣ Раҳмонбердӣ уулу захмӣ ва бистарӣ шудааст.

Алмаз Маматалиев, як масъули бемористон гуфт, варзишкор аз рони пой тир хӯрдааст.

Бино бар иттилои тасдиқношуда, Килич Саркорбоев, варзишкори дигар Раҳмонбердӣ уулуро захмӣ кардааст. Дар ҳоли ҳозир Саркорбоев роҳбари кумитаи варзиши шаҳри Ӯш аст.

Гуфта мешавад, Саркорбоев аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Мақомоти расмии Қирғизистон ин ҳодисаро ҳоло шарҳ надодаанд.

Тологон Раҳмонбердӣ уулу соҳиби унвони қаҳрамони Осиё дар намуди муҳорибаи бидуни қоида аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *