Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар зиндон маҳбусро куштанд

Як зиндонӣ дар маҳбаси “АП-162/4”-и шаҳри Павлодари Қазоқистон кушта шуд. Дар ин бора департаменти зиндонҳои вилояти Павлодари Қазоқистон хабар дод.

Ҳодиса 8 майи соли равон рух дода, вале ҷабрдида, ки барои таҷовузи ноболиғе маҳкум ба зиндон шуда буд, барои кумаки тиббӣ ба табибони маҳбас муроҷиат накардааст. Дар натиҷа ӯ 9 май бар асари захмҳои бардоштааш дар утоқи худ ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, маҳбуси 44-сола, ки барои куштор адои ҷазо мекунад, дар натиҷаи як муноқиша ба маҳбуси дигар зарари ҷисмонии марговар расонидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.