Саломатии Трамп беҳтар шудааст

Доналд Трамп, президенти Амрико, ки дар як шифохонаи низомӣ дар канори Вашингтон аз COVID-19 муолиҷа мегирад, гуфт, ки “аҳволаш беҳтар” шудааст ва умедвор аст, ба зудӣ барои идомаи маъракаи интихоботиаш бармегардад.

Интихоботи президентӣ рӯзи 3-уми ноябр баргузор мешавад. Дар як видеои чаҳор дақиқаӣ, ки рӯзи 3-уми октябр дар Твиттер нашр шуд, Доналд Трамп гуфт, чанд рӯзи оянда барои ӯ “имтиҳони воқеӣ” хоҳад буд ва ба ҳамаи мардуми Амрико ва саросари ҷаҳон барои ҳимоят аз худаш изҳори сипос кард. Трамп дар ин паёмаш гуфт: “Мо коронавирусро мағлуб мекунем”. Ӯ бо изҳори хушбинӣ аз муолиҷаи беморӣ афзудааст, ки “Худованд муъҷиза меофарад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *