Сармояи Роналдо ба миллиард расид

Ҳамлавари португалии бошгоҳи «Ювентус» — Криштиану Роналду нахустин футболбозе дар таърих гардид, ки дар корномааш 1 миллиард доллар ба даст овардааст, хабар медиҳад “тв Варзиш”

Ба маълумоти сарчашма соли 2020 дороии Криштиану Роналду ба 1 миллиард доллар баробар шудааст. Криш ба ғайр аз музди маошаш дар «Ювентус» инчунин аз ҳисоби ширкати CR7, меҳмонхонааш ва рекламаҳои шатномавӣ соҳиби маблағи калон шудааст.

Ҳамин тавр Роналду сеюмин варзишгаре дар таърих гардид, ки соҳиби миллиард доллар мешавад. Қаблан Тайгер Вудс (голфбоз) ва Флойд Мейвезери-хурдӣ (боксчӣ) ба ин натиҷа даст ёфта буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *