Ёқуб дар озодӣ мегӯяд, ки дар маҳбас 3000 китоб хондааст
Ёқуб Салимов, собиқ вазири ВКД ҶТ, сафири собиқи ҷумҳурӣ дар Туркия ва яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ соати 5 –и субҳи 21 июн, баъди 13 соли маҳбас ба озодӣ баромад.
Дар суҳбати кӯтоҳе ба хабарнигорон Ёқуб иброз доштааст, ки дар ин муддат як чашмаш нобино шудааст. Бо вуҷуди ин, дар маҳбас 3 ҳазор китоб мутолиа кардааст, ки инҳо китобҳои таърихӣ ва сиёсӣ будаанд. “ Дар ҳуҷрае, ки нигаҳдорӣ шудам, бояд як зиндонӣ 5 сол биистад, баъд ба ҳуҷраи дигар интиқол ёбад, аммо ман 13 сол дар як ҳуҷра будам”,- мегӯяд ӯ. Ёқуб Салимов дар хусуси нақшаҳои ояндааш гуфтааст, ки “нав ба озодӣ баромадаам ва мехоҳам бо зану фарзандонам хушу хурсандона зиндагӣ кунам, ягон нақшаи дақиқи дигаре надорам”.
Дар хусуси љавонмардию ростқавлӣ ва шуљоту диловарии собиқ вазир нақлу ривоятҳо дар даҳони мардум зиёданд. Бисёриҳо мегӯянд, ки Ёқуб марди баинсоф аст. Ҳатто дар замони яке аз фармондеҳони Фронти халқӣ буданаш кӯшиш ба харљ медод, ки хуни мардони бегуноҳ нарезад. Аз занљиршиканияш низ нақл мекунанд. Хуб ёд дорем, ҳангоми вазири корҳои дохилӣ буданаш (1993) ба ноҳияи Комсомолобод (имрӯза Нуробод) сафар карда, дар маркази ноҳия ба мӯйсафедон зери шаҳчинори ноҳия нишаста гуфт: “Фарзандони худро насиҳат кунед, то ба роҳи хато нараванд. Мо бояд аз як гиребон сар бароварда, барои якпочагии кишварамон талош кунем”. Ин суханони Ёқуб то имрӯз дар гӯшам садо медиҳад. Имрӯз мо аз он хурсандем ,ки Ёқуб Салимов дар ҳалқаи дӯстону пайвандон аз ҳавои озодӣ нафас мекашад, озодие, ки ҳатто тифли дар гаҳвора пойбанд почакзанон онро орзу мекунад. Мо низ бо хушнудӣ мегӯем: озодӣ муборак, Ёқуб!
Иззатбеки Идизод,
”Тољикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ