Зан чӣ гуна офарида шуд?

Зан мавзӯи ҷолиби баҳси адибон, олимон, файласуфон, нависандагон, донишмандон, ҳакимон ва сарварони ҳама давру замон баъд аз офариниш то ба имрӯз ва ҷовидона аст.

Аҷибтарин китоб

Лабиб, нависандаи маъруфи араб, дар китоби «Ҷамол, муҳаббат ва санъат» менависад: «Башарият дорои китоби шигарфест, ки онро ҳам подшоҳ ва ҳам роҳзан, ҳам ҳакиму файласуф ва ҳам кавдан мутолиа мекунад. Дар садҳо сафҳа таърихи авлоди башарият бо эҳсосу салобат, бо лутфу хушунат, бо маърифату ҷаҳолат, бо инқилоби адолату беадолатӣ нигориш ёфтааст.

Бо ҷамоли ҳастӣ аз партави ситораҳо ва ҳарорати хуршед ва гулҳои бӯстон ва нағмаи парандагон ва шукӯҳи омол ва таровати шохаҳо ва вазиши насим ва дурахши алмос ва ҷамоли абадият ва шаҳвати отифа сабт ёфта… Аз ин рӯ китоби шигарфест…

Авроқи ин китоб аз кӯраи оташ берун омада, дар сели оби ашк ғарқ шуда, аз аъсоби қалбҳо нусхабардорӣ гардида. Ҳуруфаш дар оташ рехта шуда ва қабл аз садҳо сол нашр гардида ва ба тамоми забонҳо ва гӯишҳо маъруф асту ҳазорҳо бор ба табъ расида, бо ислоҳу иловаҳо ва дар ҳазорҳо ҷилд шарҳ ёфтаву тарҷума шуда».

Офариниши зан 

(Ривояти ҳиндӣ)

Дар асотири бостонӣ ривояте дар бораи чигунагии офариниши зан маҳфуз монд, ки он чӣ аз лиҳози балоғат ва чӣ аз ҷиҳати маонӣ аз тамоми он қиссаҳое, ки дар бораи зан ва табиати ӯ гуфта шудааст, волост ва дар мақоми баланд буда, посухгӯи ҳамаи пурсишҳои шумост.

Дар устура омада: «Офаридгор дар ибтидо олам, осмонҳо, замин ва тамоми мавҷудоти онро офарид, сипас мардро халқ фармуд. Ҳангоме ки хост занро биофарад, тааммул кард.

Сипас, аз моҳ сурат ва зебоиро, аз офтоб  ишроқ ва тулӯашро, аз ситораҳо фурӯзонию чашмакзаниро, аз абрҳо ашкро, аз гулҳо рангро, аз шохаҳо алвонҷу тамоилро, аз ҳашиш ларзишро, аз насим лутфу навозишро, аз варақ сабукиро, аз наботот раъшаву ларзишро, аз амвоҷ мадду ҷазрро, аз оташ ҳароратро, аз оҳу чашмонро, аз кабӯтар садояшро, аз саг вафояшро, аз асал лаззатро, аз алмос салобатро, аз паланг хашму қувватро, аз тилло дурахшро, аз гунҷишк пургӯиро, аз булбул нағмасароиро, аз ғизол наззораро, аз хазандагон хазиданро, аз мор ҳикматро, аз саъба ҳазёнро, аз шабнам рутубатро, аз бунафша бӯяшро, аз баҳор лабхандро баргирифт. Ин ҳамаро даромехта, занро офарид ва пешкаши мард кард…

Баъди ҳашт рӯз мард ба назди Офаридгор омад ва гуфт:

— Худоё, он махлуқе, ки ба ман армуғон кардӣ, ҳаётамро ба азоб, хушбахтиамро ба бадбахтӣ, шодиамро ба ғам, умедамро ба яъс кашид… Ӯ ниҳоят пургӯй аст ва забонаш оромӣ надорад. Бе ҳеҷ сабаб гиря мекунад. Талаботаш ҳад надорад. Аз ҳар чӣ шикоят мекунад ва аз ҳама чӣ алам мекашад. Ва ба ғамхории доим муҳтоҷ аст…

Аз ин рӯ, омадам, ки ӯро ба ту баргардонам ва наметавонам, ки бо ӯ зиндагӣ кунам. Ӯро бигир ва маро аз ӯ раҳо бубахш…

Офаридгор тааммул намуд ва гуфт: Хайр…

Пас аз як ҳафта мард назди Офаридгор омад ва гуфт:

— Худоё, аз даме ки ман махлуқи ҳадякардаатро баргардондам, ҳаётамро беранг ёфтам. Ҳоло ба ёд меорам, ки чӣ сон чун ғизоли зебо дар наздам мерақсид ва чӣ гуна бароям бо садои чун булбул месуруд. Чӣ тавр бо ман бозӣ мекарду ба ман фараҳ меовард…

Маро ёд меояд, ки чӣ зайл ба ман лабханд мезаду нишотам мебахшид, қаҳқаҳ мезаду ғамхорам буд… Чӣ тавр дастонашро ба гарданам ҳалқа мекарду худро ба оғӯшам меафганд. Чӣ гуна дарду аламамро сабук месохт. Лаззати ҳаёт ва умеду орзуям буд.

Худоё, ӯро ба ман баргардон…

Офаридгор занро ба мард баргардонд.

Баъди се рӯз мард назди Офаридгор бо шикваву гиря омад ва гуфт:

— Худоё, ман ин махлуқатро ҳеҷ намефаҳмам. Гӯё асрори пӯшидаест, ки гушоишаш ғайриимкон аст. Ниҳоят ба хулосае омадам, ки ӯро ба ту баргардонам. Зеро ӯ шабеҳи шаробест, ки зиёнаш аз судаш фузун аст…

 Офаридгор ба ӯ гуфт:

— Ба худ ой, эй мард ва дар амрат тадбир биҷӯй!

Мард гуфт:

— Худоё, ҳеҷ имконе вуҷуд надорад, ки бо ӯ зиндагӣ кунам.

Офаридгор посух дод:

— Ҳеҷ имконе надорӣ, ки бидуни ӯ зиндагӣ кунӣ ва ӯро тарк кард…

Мард бо яъсу алам фарёд кашид:

— Аз фироқаш наметавонам сабр намоям… ва руҳам наметавонад бо ӯ бисозад…

… Ҳамин аст зан дар рӯзгори мард…

Интихоби зан

Нақл кунанд, ки дар аҳди Мустансир зане бо шавҳару писар ва бародараш баҳсу ҷанҷол карда, аз онҳо ба халиф шикоят бурд. Мустансир амр дод, то онҳоро дастгир кунанд ва ба қатл ҳукм кард.

Чун зан аз ин амр огоҳӣ ёфт, ба дари халифа омад ва баромадани ӯро интизор шуд. Гирёну нолон худро пеши пойҳояш афканд ва илтиҷо намуд, ки афв намояд ва ё амр диҳад, ки ӯро низ ҳамроҳи эшон ба қатл расонанд, зеро зиндагӣ бе онҳо маъное надорад.

Дили Мустансир ба ҳолаш сӯхт. Лаҳзае ба фикр фурӯ рафт. Сипас, сарашро бардошта, гуфт:

— Духтарам, шафоати туро ба якеаш пазируфтам. Аз онҳо якеро интихоб намо.

Зан ба ҳайрат афтод ва баъди андаке тааммул гуфт:

— Шавҳарро меёбам, писарро таваллуд мекунам, вале бародарро ёфта наметавонам. Ва бародарашро баргузид.

Интихоби зан ба Мустансир маъқул афтод ва ҳамаро афв кард.

Аз масалҳои мардуми ҷаҳон дар ҳақи зан

Инглисӣ: Агар мардҳо медонистанд, ки занҳо дар бораи эшон чӣ андеша доранд, ҷуръаташон сад мартаба зиёд мегардид.

Украинӣ: Шавҳар барои зан қонун аст.

Ҳиндӣ: Агар хоҳӣ, ки тиллоро бисанҷӣ, онро ҳак бизан, ё қувваи барзаговро бисанҷӣ, онро бардор ё хулқи мардро, ба ӯ гӯш бидеҳ, вале агар хоҳӣ, ки фикри занро бисанҷӣ…, ягон роҳе нест.

Шотландӣ: Шахсе, ки занашро таъна кард, ба шарафи хеш таъна зад.

Фаронсавӣ: Силоҳи зан забонаш аст.

Ирландӣ: Ҳар куҷо биравӣ, занатро ҳамроҳ бигир.

Олмонӣ: Чун мӯйсафед зани ҷавон гирад, шайтон механдад.

Юнонӣ: Зан барои мард бузургтарин баракат меорад ва калонтарин ҳалокат.

Лотинӣ: Хонаи касе ором аст, ки зан надорад.

Испанӣ: Зан ва шиша доим дар хатаранд.

Ҳолландӣ: Ҳар одам Ҳаввои худро меёбад.

Чинӣ: Мард метавонад занро аз тамоми мардҳо ҳимоя намояд, ғайри худаш.

Русӣ: Зан ҳафтоду ҳафт раъй дорад, дар як замон.

Итолёвӣ: Табассуми зани зебо — ашки ҳамён.

Финландӣ: Аспро аз хонаи давлатманд бихар ва занро аз хонаи камбағал бигир.

Булғорӣ: Хонае, ки дар он зан нест, хона нест.

Шведӣ: Дили зан аз чашмони даҳ мард бинотар аст.

Даниягӣ: Модар аз қалб ва дигарҳо аз даст ба тифл хӯрок медиҳанд.

Литвонӣ: Шавҳар сари зан асту зан калиди шавҳар.

Гурҷӣ: Силоҳи зан бесадост — ашкаш.

Венгерӣ: Ба модар нигар ва духтарро ба занӣ бигир.

Чехӣ: Агар хоҳӣ, ки молатро пинҳон намоӣ, таҳи забони зан магузор.

Босниягӣ: Соҳибхоназани ҳақиқӣ дар як лаҳза ҳам канизак асту ҳам бону.

Сербӣ: Гоҳо савоб аст ба зани оқила итоат намоӣ.

Ҳолландӣ: Ҳангоме ки зани хуб ба хона ворид мегардад, шодиву сурур аз тиреза медарояд.

Эстонӣ: Муҳаббати падар то лаҳад, аммо муҳаббати модар беинтиҳост.

Мунаввари САФАР,

журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *