Аз масалҳои мардуми ҷаҳон дар ҳақи зан

Инглисӣ: Агар мардҳо медонистанд, ки занҳо дар бораи эшон чӣ андеша доранд, ҷуръаташон сад мартаба зиёд мегардид.

Украинӣ: Шавҳар барои зан қонун аст.

Ҳиндӣ: Агар хоҳӣ, ки тиллоро бисанҷӣ, онро ҳак бизан, ё қувваи барзаговро бисанҷӣ, онро бардор ё хулқи мардро, ба ӯ гӯш бидеҳ, вале агар хоҳӣ, ки фикри занро бисанҷӣ…, ягон роҳе нест.

Шотландӣ: Шахсе, ки занашро таъна кард, ба шарафи хеш таъна зад.

Фаронсавӣ: Силоҳи зан забонаш аст.

Ирландӣ: Ҳар куҷо биравӣ, занатро ҳамроҳ бигир.

Олмонӣ: Чун мӯйсафед зани ҷавон гирад, шайтон механдад.

Юнонӣ: Зан барои мард бузургтарин баракат меорад ва калонтарин ҳалокат.

Лотинӣ: Хонаи касе ором аст, ки зан надорад.

Испанӣ: Зан ва шиша доим дар хатаранд.

Ҳолландӣ: Ҳар одам Ҳаввои худро меёбад.

Чинӣ: Мард метавонад занро аз тамоми мардҳо ҳимоя намояд, ғайри худаш.

Русӣ: Зан ҳафтоду ҳафт раъй дорад, дар як замон.

Итолёвӣ: Табассуми зани зебо — ашки ҳамён.

Финландӣ: Аспро аз хонаи давлатманд бихар ва занро аз хонаи камбағал бигир.

Булғорӣ: Хонае, ки дар он зан нест, хона нест.

Шведӣ: Дили зан аз чашмони даҳ мард бинотар аст.

Даниягӣ: Модар аз қалб ва дигарҳо аз даст ба тифл хӯрок медиҳанд.

Литвонӣ: Шавҳар сари зан асту зан калиди шавҳар.

Гурҷӣ: Силоҳи зан бесадост — ашкаш.

Венгерӣ: Ба модар нигар ва духтарро ба занӣ бигир.

Чехӣ: Агар хоҳӣ, ки молатро пинҳон намоӣ, таҳи забони зан магузор.

Босниягӣ: Соҳибхоназани ҳақиқӣ дар як лаҳза ҳам канизак асту ҳам бону.

Сербӣ: Гоҳо савоб аст ба зани оқила итоат намоӣ.

Ҳолландӣ: Ҳангоме ки зани хуб ба хона ворид мегардад, шодиву сурур аз тиреза медарояд.

Эстонӣ: Муҳаббати падар то лаҳад, аммо муҳаббати модар беинтиҳост.

Таҳияи Мунаввари САФАР, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *