Зан — президенти нави Ҳиндустон. Драупади Мурму кист?
Драупади Мурму аз Иттиҳоди миллии демократӣ президенти нави Ҳиндустон интихоб шудааст.
Бино ба маълумоти комиссияи интихоботӣ, ӯ беш аз 64 дарсади овозҳоро (676,803 овоз) ба даст оварда, бар рақибаш Яшвант Синҳа аз ҳизби «Тринамули умумиҳиндустонӣ» (380,177 овоз) ғолиб омадааст.
Интихоботи президентӣ дар Ҳиндустон 18-уми июл баргузор шуд. Барои курсии сарвари давлат ду номзад — Драупади Мурму аз Иттиҳоди миллии демократӣ ва Яшвант Синҳа аз ҳизби «Тринамули умумиҳиндустонӣ» мубориза бурданд. Дар натиҷа Драупади Мурму 15-умин президенти Ҳиндустон интихоб гардид.
Бино ба иттилои расонаҳо, президенти интихобшуда 25-уми июл савганд ёд мекунад. Ваколати президенти амалкунанда Рам Натх Ковинд 24-уми июл ба охир мерасад.
Драупади Мурму намояндаи халқи Сантал мебошад. Вай дуюмин зане шуд, ки дар вазифаи президенти Ҳиндустон кор мекунад.
Шарҳ