Зане банкоматҳои “Dushanbe city”-ро бо санг шикаст (видео)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки зане аз рӯйи ғазаб банкоматҳои “Dushanbe city”-ро зада мешиканад.

Дар навор дида мешавад, ки зан дар ҳолати хашмгинӣ қарор дошта, ду банкомати ин бонкро бо санг зада мешиканад. Эҳтимол меравад, ки бинобар чанд рӯзи охир набудани маблағ дар банкоматҳои ин бонк ин зан нигарон шудааст. Аммо то кунун масъулини Dushanbe city ҳодисаи ба амал омадаро шарҳ надодаанд.

Воқеан ҳам, имрӯзҳо низоми нави корти Dushanbe city сокинонро нигарон кардааст. Мардум аз банкоматҳои шаҳр наметавонанд маблағи даркории худро гиранд. Ҳарчанд сари ҳар қадам дар истгоҳҳои пойтахт банкоматҳои корти Dushanbe city насб карда шудааст, вале дар бештари маврид маблағ надоранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.