Заҳролудшавии 6 нафар аз бемории сироятии ботулизм дар Суғд
Дар вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли 2025 шаш нафар ба бемории сироятии ботулизм гирифтор шудаанд. Дар баробари ин, 5 ҳолати гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон маълумот дод. Ӯ зикр кард, ки се ҳолати сӯхтанӣ дар ноҳияи Ашт ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сабт шудаанд.
Ба гуфтаи масъулин, ҳолати гирифторӣ ба ботулизм бештар ба истифодаи маҳсулоти хӯроквории худсохт, аз ҷумла консерваҳои хонагӣ рабт дорад. Мақомот ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми омодасозии хӯроквории нигоҳдошташаванда қоидаҳои санитариро қатъӣ риоя намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ