Зиёии таассубӣ ва бозичаҳои «мамнӯъ»

 

Таърих гувоҳ аст, ки дар тамоми давру замонҳо зиёӣ дар ҷомеа аз эътибори хоса бархӯрдор будааст. Бинобар омилҳои объективӣ ва субъективӣ дар мавридҳои мухталифи таърихӣ мақом ва нуфузи ў баъзан ба арши баланд баромадаву  дар мавриди дигар ба замин задааст.

«Бадеҳист, ки дар ҳама давру даҳр, — мегўяд олими маъруф Акбари Турсон,- ҳокимон ба ҳакимон эҳтиёҷ доштанд».

«Ҳар кишваре, ки дар он қишри зиёӣ қадрдонӣ мешавад,- менигорад Меҳр Собириён,- ва фаъолияти босамару созанда дорад, пешрафта аст ва дар ҳар ҷомеае, ки чунин нест, ақибмонда аст». Дарвоқеъ, дар ҷомеае, ки зиёӣ неруи пешбаранда нест ва мардум думболи ў намераванд, ҷомеаи ақибмонда аст.

Нақши зиёӣ дар таърихи тамаддуни башарӣ

Муҳаққиқони илми таърих мегўянд, ки Шоҳ Исмоили Сомонӣ ба истиқболи олимону адибон, эҳтироми онҳоро ба ҷо оварда, аз ҷояш мехест. Мушовиронаш ба ў маслиҳат медиҳанд, ки чунин накунад. Шоҳи одилу хирадманд посух медиҳад: «Таҳкими давлат дар адолат ва эҳтироми меҳтарон аст»

Акнун рў меорем ба ду ҳикояи таърихӣ.

Ҳикояи аввал. Таърихи пайдоиши қасидаи «Бўйӣ ҷўйӣ Мўлиён» -и Рўдакиро қариб ҳамагон медонанд. Низомии Арўзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» ном асараш муфассал дар ин бора навиштааст. Ин ҳикояро мухтасар нақл мекунам.

Дар замони ҳукмронии Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ( Насри II),ки замона тинҷу ором буд, давлат муқтадир, ҳар тобистон лашкариён, мушовирон,ҳунармандон ва дигар афроди ба подшоҳ наздик ба Самарқанд ё ба яке аз шаҳрҳои Хуросон барои фароѓат мерафтанд. Соле аз Бухоро ба Ҳирот мераванд. Табиати афсункору биҳиштосои ин мавзеъ шоҳро ба ваҷд меорад ва дар он ҷо чаҳор сол зиндагию фароѓат мекунанд. Афроде, ки шоҳро ҳамроҳӣ мекарданд, тўли ин муддат ёди зану фарзанд, ёру рафиқ ва обу хоки Бухоро- ватани бобоияшон азият медод. Аммо касе ҷуръат намекард ин масъаларо дар ҳузури подшоҳ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Баъдан ба хулосае меоянд, ки ин қазияро танҳо Рўдакӣ ҳаллу фасл карда метавонад. Рўдакӣ бошад, афроди наздик ба подшоҳ буд ва аз обрўи хоса бархӯрдор.

Дар «Чаҳор мақола» омадааст: «аз нудамои подшоҳ ҳеҷ касе муҳташамтар ва мақбулулқавтар аз ў (Рўдакӣ- М.С) набуд» Бад-ин қарор назди Рўдакӣ рафта мегўянд: «Панҷ ҳазор динор туро хидмат кунем, агар санъате бикунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, ки дилҳои мо орзўи фарзанд ҳамебарад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳамебарояд». Хулоса, Рўдакӣ арзи онҳоро қабул мекунад ва қасидаи мазкурро навишта, онро

дар ҳузури подшоҳ бо чанг дар  пардаи «Ушшоқ» месарояд.

Баъдан, ровиёни ахбор мегўянд, ки «амирро чунон ин қасида ба хотир мулоим афтод,ки мўза дар пой накарда, савор шуд ва азимати Бухоро кард».

Аз ин ҳикоя се хулосаи ҷолиби таваҷҷуҳ мебарояд:

Якум. Эҳтироми зиёии асил ва таъмини амнияти бехатарии ў ба манфиати давлату миллат хоҳад буд.

Дувум. Хонандаи гиромӣ, пайомади шуми хушомаду тамаллуқро бубин, ки ягон нафар (ба ҷуз Рўдакӣ) ҷуръат накард дар ҳузури подшоҳ масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ана, барои чӣ гузаштагони хирадманди мо тамаллуқро хислати зишти инсонӣ дониста, онро пайваста мазаммат кардаанд. Хушомаду тамаллуқ хоси давлатҳои ақибмонда буда, ба меъёрҳои давлати дунявӣ мухолифат мекунад.

Севум. Сухан дар бораи нақши зиёӣ меравад. Як нафар зиёӣ тавонист амнияти бехатарии давлату миллатро таъмин намуда, халқро  ба мақсудаш расонад.

Ҳикояти дувум. Ривоят мекунанд, ки шоҳаншоҳи сосонӣ- Хусрави Парвиз (590-698) аспе дошт ба номи Шабдиз ва онро баробари ҷонаш дӯст медошт. Ва гуфта буд: «Агар касе хабари марги аспашро биёрад, сарашро аз танаш ҷудо мекунад». Баъд рўзе Шабдиз мемирад ва ҳамагон дар ѓояти тарсу ваҳм қарор мегиранд. Кӣ ин хабари шумро боястӣ ба подшоҳ расонад? Касе ҷуръат намекард. Баъдан сардори дастаи ромишгарон- Борбад ба миён даромада, оҳанге эҷод мекунад бо номи «Шабдиз» ва онро дар ҳузури подшоҳ месарояд. Ногоҳ шоҳ ба эҳсосот дода шуда, мегўяд:

-Эй бадбахт, Шабдиз мурд?

Борбад посух медиҳад:

— Шоҳаншоҳ, ин суханро мо аз забони шумо шунидем.

Хулоса, Хусрави Парвиз аз ҳозирҷавобии Борбад хурсанд шуда, мефармояд: «Офарин ба ту, ки ҳам худ ва ҳам дигаронро аз марг наҷот додӣ!»

Аз ин ҳикоя ҳам чун ҳикояи болоӣ ду хулосаи ҷолиби таваҷҷуҳ мебарояд:

Якум. Хонандаи гиромӣ, бубин психологияи миллии мо решаҳояш то ба куҷоҳо рафта мерасад.

Дувум.Нақши зиёии асил дар рушди тамаддуни башарӣ басе чашмрас будааст!

Натиҷа. Ин бахши матлабро бо як сухани академик Лахачев ҷамъбаст мекунам:

«Миллате, ки зиёиёнро қадр намекунад, маҳкум ба марг аст»

Зиёӣ- неруи пешбарандаи ҷомеа

Киро зиёӣ гўянд? Зиёии асил кист?

Чанд соли охир атрофи ин мавзўъ дар расонаҳо баҳсу  мунозираҳои зиёде ба вуқӯъ омаданд. Андешаҳо чун муаллифонашон мухталиф буданд. Ба назарам беҳтарин таърифи зиёиро зиёда аз 800 сол муқаддам Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ додааст:

Мо барои васл кардан омадем,

На барои фасл кардан омадем.

Дарвоқеъ, рисолати зиёӣ васл кардан аст, на фасл кардан. Рисолати азалию усулии зиёии асил неруи пешбаранда будан, пешоҳанг будан аст. Аммо, мутаассифона, алъон чунин нест. Агар феълан даҳ нафар думболи зиёӣ равад, сад нафар аз паси муллоҳои чалласавод ва таассубгаро мераванд. Минбару байрақ аз дасти зиёӣ ба дасти муллоҳо гузашт. Дареғ ва сад дареғ, ки ба чунин рўз расидем!…..

Дар замони шўравӣ бо тамоми бурду бохташ зиёиён пешоҳанг буданд; мардум думболи онҳо мерафтанд ва онҳоро қадр мекарданд, ки ин боиси рушду нумӯи Тоҷикистони Шӯравӣ гашт. Дар он солҳо созмони ҷамъиятии «Дониш» амал мекард, ки ҳазорон-ҳазор аъзо дошт ва ҳамагон зиёӣ буданд. Аъзоёни ин ҷамъият дар байни мардум бо лексияҳои пурмазмун баромад мекарданд ва клубу чойхонаҳо, мактабҳо лабрез аз одамон мешуд. Ҳадаф танҳо тарѓибу ташвиқи ҷаҳонбинии илмӣ буд.

 Соли 1964 вақте ки 550- солагии Абдураҳмони Ҷомӣ бояд таҷлил карда мешуд, Ҷаббор Расулов ба устод Турсунзода муроҷиат намуда мегўяд: «-Мирзоҷон, эътибори шумо назди Маскав баланд аст. Онҳо гапи шуморо ду намекунанд. Ягона умеди мо шумоед. Шояд ба сабаби кўшиши шумо масъалаи ҷашни Ҷомӣ амалӣ гардад». Ин мисол гувоҳ бар он аст, ки дар замони шўравӣ зиёиёни асил аз эътибори хоса бархӯрдор буданд. Боястӣ чунин ҳам бошад!

Феълан бошад, қисме аз зиёиён бетараф ва бепарво шуда, аз рисолати азалии худ канор рафтаанд.

Бигирем масъалаи забонро. Банда дар кўчаҳои шаҳри Душанбе қадам зада, аз муоширати мардум ва навиштаҷоти пештоқи дўкону маѓозаҳо, ростӣ шармам меояд. Аз муоширати ҷавонону наврасон ва дигар қишрҳои ҷомеа пай мебарӣ, ки ширинии забони тоҷикӣ танҳо дар шеъри Рўдакӣ монда.

Дар тамоми шаҳр (Душанбе) дар пештоқи дӯконҳояшон навиштаанд: «тез тайёр». Чаро ба ҷойи ин вожаи сунъӣ калимаи зебоӣ «сардастӣ»-ро нанависем?! Ё худ дар ҳама ҷо мегўянду менависанд: «хўрока», «пўшока», «либоса»(пасванди «а»- ро ба ин калимаҳо илова кардан ѓалат аст), «бо дарназардошти» (дурусташ: «бо назардоштӣ»), «як баробар зиёд кардем» (шакли дурусташ: «ду баробар зиёд кардем» бояд бошад), «як баробар зиёд кардем» гуфтану  навиштан маънии мантиқӣ надорад ва хатост! Бигирем ибораи тумтароқи бемантиқи «гап нест»-ро. Ин ибора аълон ба меъёр даромада, дар муоширати мардум ҳамарўза истифода мешавад…

Хулоса, зиёиёни асилро ҳам қарзу ҳам фарз аст, пеши роҳи ин раванди номатлубро бигиранд. Вагарна ҳар вожаи тумтароқи бемаънию бемантиқ ба меъёр даромада, ба захираи луѓавии забон ворид мешавад ва дар истифодаи умум қарор мегирад. Борҳо гуфта будам, боз мегўям: Ҳар падидаи манфие, ки дар ҷомеа зуҳур мекунад боястӣ, қабл аз ҳама, ба интиқоди шадиди аҳли зиё дучор ояд.

Зиёии асилро боястӣ се нишонаи фарқкунанда доштан:

(1). соҳибмаърифат будан,(2).масъулиятшинос будан, (3). фидоӣ будан. Боре Акбари Турсон гуфта буд: «Ману Лоиқ (Лоиқ Шералӣ) дар бўстонсаройи ҳукуматӣ барои як калима: «муросо» бигўем ё «мусолиҳа» то як ҳиси шаб баҳс намудем».

«Ман то соати сеи шаб дар идора кор мекардам ва саҳарии барвақт (ҳафти саҳар) ба ҳуҷраи кориам меомадам»,-мегўяд Низорамоҳ Зарифова, ки дар замони шўравӣ дар вазифаҳои масъули давлатию ҷамъиятӣ фаъолият намуда буд.

«Ман шеъри хубамро ҳанўз нанавиштаам, шояд онро дигарон нависанд»,–гуфта буд шоири шаҳири қарни XX Расул Ѓамзатов…

Ин мисолҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки афроди номбурда масъулиятшинос ва фидоии давлату миллат будаанд.

Натиҷа. Давлатро зарур аст, ки амнияти бехатарии зиёиёни асили миллиро таъмин намуда, ба онҳо шароити мусоиди кору фаъолият муҳайё намояд ва аз неруи зеҳнии онҳо ба манфиати давлату миллат кор бигирад.

     Маҳалагаройӣ, таассубгаройӣ ва зиёӣ

(«ҳар фитна ба бесавод дорад сарукор»)

Ҳадафи мо таҳқиқи таърихи пайдоиши ин зуҳуроти номатлуб нест. Мо роҳҳои пешгирӣ ва барҳам додани ин падидаи номатлубро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

Маҳалагаройӣ ва таассубгаройӣ дар замони шўравӣ ҳам буд, аммо ба он як қисми кўчаки мардум гаравида буданд, ки дар ҷомеа нақши муассир надоштанд ва дошта ҳам наметавонистанд, чунки давлати муқтадири шўравӣ намегузошт ҳар «калу кӯр» бар зиёни мардум кор кунад.Баъд аз бозсозии горбачёвӣ сар карда, то ба имрўз қисми зиёди аҳолӣ ба он гаравиданд, ки боиси нигаронист.

А) Маҳалагаройӣ.Яке аз зиёиёни асили миллат, устод Лоиқ Шералӣ дар тамоми осори арзишманди худ, маҳалчигиро интиқоди шадид карда буд. Ин зуҳуроти номатлуб Лоиқро «хуни ҷигар» карда буд, ки мегуфт:

         Миллати мо миллати яклахт нест,

         З-ин сабаб хушдавлату хушбахт нест.

   ***

         Ба манзил мерасем, алҳамдулиллоҳ,

         Агар дарди маҳалбозӣ набошад.

                                               ***

         Аз чунин иллат бимирем оқибат,

         Ки ту аз Фархору мо аз Фалѓарем.

                                           ***

Суол: Оё илоҷи комилан аз байни бурдани маҳаллгаройӣ ҳаст? Бале, ҳаст! Ба ин суол ҳам посухи саҳеҳро Лоиқ додааст:

         Илоҷи иллати носури миллат,

         Ба ҷуз ваҳдат, ба ҷуз ваҳдат набошад.

Аммо Лоиқ ваҳдати воқеиро дар назар дошт. Чун ба ваҳдати воқеӣ бирасем, ин падидаи шум аз байн хоҳад рафт!

Суоли дигар: Бо кадом роҳҳо ба ваҳдати воқеӣ мерасем? Ба ин суол посухи мушаххас додан басе мушкил бувад. Ин масъала ба таҳлил, таҳқиқ ва «ташхис»-и ҷиддӣ ниёз дорад…

     Ин ҷо месазад ба як омили дигар низ ишора кунам. Илми экология ҳушдор медиҳад, ки агар инсон нисбат ба табиат даѓалӣ кунад, бераҳмию бешафқатӣ кунад, табиат аз ў қасос мегирад. Ҷомеаи инсонӣ низ бояд чунин бошад. Биноан, агар маҳалгаро муҷозот шавад, ў низ бо роҳи дуруст хоҳад рафт! З-ин рў, ин панди табиат боиси пайравист!

Б). Таассубгаройӣ. Зиёда аз 1000 сол муқаддам Абӯрайҳони Берунӣ хатари таассубро дарк намуда, ворисонашро ҳушдор дода буд:

 « Таассуб чашмҳои бинандаро кўр, гўшҳои шунаворо кар мекунад».

Шоҳидони ҳол мегўянд, ки Фузайл Махсуми босмачӣ, ки худ таассубгаройи ашаддӣ буд, вақте ки Ҳойитро забт мекунад, аввалин муаллимаҳои ҳойитӣ – Сайрамбибӣ Қосимова, Маълумбибӣ Гадоева ва Оламбибӣ Абдуллоеваро ба дор мекашад. (Рўҳашон шод  бошад!)

Таассубгаройӣ ҳам мисли маҳалгаройӣ рўз аз рўз дар ҳоли афзоиш аст. Феълан бозори сеҳру ҷодугарон, тўморнависону  тўморфурўшон, фолбинҳо гарм буда, теъдоди пайравонашон ҳамарўза зиёд мешаванд.

Ҳатто баъзе зиёиёни камхондаву андакхонда ҳам таассубгаро шудаанд.

         «Панҷ сол пеш як омўзгор аз донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ ба ҳаҷ рафт, — менависад мухлиси як рӯзнома — Асадуллои Бохтарӣ. Хонааш рафтам, барои зиёрат. Нохост наберааш омад. Инро дида, Ҳоҷӣ Олим сўйи занаш дод зад: «Чаро бозичаҳоро аз балкон напартофтӣ?».

 Аз Ҳоҷӣ пурсидам, ки чаро партояд? Гуфт: « Дар Арабистон роҳбалади мо гуфт, ки бозичаву расмҳо макруҳанд».

Ана, фаҳмиши зиёии асри бисту як! Хонандаи гиромӣ, шояд андешаҳои бандаро муболиѓа пиндорӣ. З-ин рў, ба андешаҳои афроди шинохта таваҷҷуҳ бифармо:

         «Ақоиду хурофоти динӣ бар шуури миллати мо ҳоким гаштааст ва ба дасту пойӣ афкори мо занҷир бастааст».(Адаш Истад, нависанда, 2009)

         «Дар мавриди Тоҷикистон, — менависад раиси Анҷумани Рўдакӣ, Масъудӣ Миршоҳӣ,-мардум воқеан зери таъсири хурофот мондаанд». («Тоҷикистон», 2015)

         «Дар Кўҳистони Мастчоҳ,- менависад омўзгор, Ѓозибеки Авазиён,- ҳама ҷонибдори рўҳониён аст, ҳатто мақомотҳои қудратӣ аз онҳо метарсанд!»…

Аз ин андешаҳо хулоса мебарояд, ки агар кор бад-ин минвол идома ёбад, рўзе фаро мерасад, зиёиёни бетарафи мо чун ҷадди бетолеашон Носири Хусрав дар ѓояти тарсу ноумедӣ хоҳанд гуфт:

Сухан бисёр бошад, ҷуръатам нест,

Нафас аз тарс натвонам кашидан.

Изофа бар ин, муаррихони илми таърих замони ҳукумронии Хусрави Парвизро (590-628) давраи тиллоӣ номидаанд. Медонед чаро? Чунки Хусрави Парвиз хурофотпарастонро чашми дидан надошт ва ба онҳо имконияти фаъолият намедод ва бад-ин сабаб давлат рушд кард.

Зимнан, таассубгаройӣ зуҳуроти хавфнок буда, бесаводӣ, ҷаҳолат ва торикиро эҷод мекунад. Торикӣ бошад, қабл аз ҳама, теша ба решаи зебоӣ зада, инсонҳоро тарсу намуда, умеди зиндагии шоистаро дар дили онҳо хомўш мекунад. Ин вазъи ногуворро шоира-Фарзона ба риштаи назм кашидааст:

Чаро ман бошам, вақте ки дигар зебоӣ нест?

Ғаззолии таассубгаро донишманди бузурги Шарқ-Абӯалӣ ибни Синоро кофир эълон карда буд. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки соли 1160 дар Баѓдод боамри халифа «Китоби шифо»-и Синоро сўзонданд.

Хулоса зиёне, ки хурофотпарастону мутаассибони динӣ тўли таърих ба сари инсоният оварданд, ҳадду канор надорад. Аз касофатии онҳо инсоният аз ҳазорон ҳазор кашфиётҳои беназири илмӣ бенасиб монд. Ҳоло ҳам ҳазорон ҳазор одамони бегуноҳ бо таблиѓу тарѓиби онҳо қурбон мешаванд…

Пас, чӣ бояд кард? Оё роҳҳои пешгирӣ намудан ва аз байн бурдани таассуб мавҷуд аст? Бале, мавҷуд аст!

Ба назари инфиродии банда беҳтарин омили пешгирӣ намудани таассуб ва ҳатто барҳам додани он, тарѓибу ташвиқи ҳамаҷонибаи ҷаҳонбинии илмист! Моро зарур аст, механизми тарѓибу ташвиқи ҷаҳонбинии илмиро роҳандозӣ кунем. Ҷавонону наврасони мо бояд аз макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ бо донишҳои илмӣ (илмҳои дунявӣ) мусаллаҳ бошанд. Бахусус ба таълими илмҳои дақиқ аҳамияти ҷиддӣ дода шавад, чунки омили асосии ба ин зуҳуроти номатлуб роҳ ёфтани ҷавонону наврасон, бесаводист! Ба қавли шоири тавонои  тоҷик- Бозор Собир:

«Ҳар фитна ба  бесавод дорад сарукор»

Натиҷа.Агар таассубгаройӣ бесаводӣ, ҷаҳолат, торикӣ ва даҳшатро эҷод кунад, маҳалагаройӣ боиси  рушду нумуи фасод (Коррупсия) дар ҷомеа мегардад.

Чанд пешниҳод ба ҷойи охирсухан

         1.Солҳои 2018 — 2022 (панҷ сол) солҳои мубориза ба муқобили хурофотпарастӣ эълон карда шавад.

         2.Моро зарур аст, ки баройи рушду нумўӣ давлати миллӣ аз баъзе расму оинҳои зиёновари миллӣ ва динӣ даст кашем.

  1. Ҳукумат саъю талош кунад, дин дар давлати дунявӣ- дини дунявӣ бошад. Ба арзишҳои миллӣ бештар авлавият дода шавад.
  2. Давлатро зарур аст барои тарѓиби китобу китобхонӣ ва сохтмони китобхонаҳои замонавӣ маблаѓи бештар ҷудо намуда, фаъолияти онҳоро дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ба роҳ монад.
  3. Бо ҷалби мутахассисон, олимону донишмандон, модели математикии рушди ҷомеа барои 15-20 соли оянда таҳия карда шавад.

Мирзоалӣ Содиқов

омӯзгор, Аълочии маорифи Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *